МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
2.2.АКАДЕМИК А. А. СЕМЕНОВ ДОИР БА РУҲОНИЁН ВА МУНОСИБАТИ ОНҲО БА МАКТАБУ МАОРИФ ДАР АМОРАТИ БУХОРО
Осиёи Марказӣ (дар адабиёти илмӣ бештар бо номи Осиёи Миёна ёд мешавад) ҳамчун яке аз марказҳои қадимтарини тамаддуни инсонӣ аз ибтидо ҳамеша таваҷҷуҳи олимони самтҳои гуногунро ба худ ҷалб карда бошад ҳам, вале давраи омўзиши пурвусъати он ба асри XIX рост меояд. Зеро аз ҳамин давра, бо кўшиши олимони рус таҳқиқу омўзиши мунтазами таъриху фарҳанг ва табиату иқтидори иқтисодии Осиёи Марказӣ ибтидо мегирад.
Ҳамин паҳлуи масъаларо академик В. Бартолд ба назар гирифта, навишта буд, ки Осиёи Марказӣ танҳо дар натиҷаи ҳаводиси сиёсии асри XIX, пеш аз ҳама рақобати Англияю Руссия дар минтақа мавриди таваҷҷуҳи илми Аврупо гардид [5, 510], то асри XIX Осиёи Марказӣ дар Аврупо бештар ҳамчун «Тартария» - ватани «тоторҳои саҳроӣ» маъруф буд [5, 511].
Дар тадқиқу омўзиши пайвастаи таъриху фарҳанги Осиёи Марказӣ воқеан нақши олимони рус, ба вижа О. И.
Сенковскӣ, В В. Виляминов-Зернов, В. В. Григорев, Н. В.
Хаников, П. И. Лерх, А.Л. Кун, Н. И. Веселовский, В. П.
Наливкин, В. В. Бартолд, А. А. Семенов, М. С. Андреев хеле бузург аст. Академик А. Семёнов, хатмкардаи Институти забонҳои шарқии ба номи Лазареви Маскав, донандаи се забони шарқӣ сарнавишти худро пурра ба омўзиши Осиёи Марказӣ пайваста, тамоми зиндагии хешро ба таҳқиқи таъриху фарҳанги халқҳои ин минтақа сарф намудааст. Ў на танҳо таърихи ин кишварро омўхт, балки дар тарбияи мутахассисони илмӣ ва омода намудани аввалин муҳаққиқони касбӣ низ саҳми бориз гузошта, асосгузори мактаби шарқшиносие буд, ки тавассути он чандин насли пажуҳишгарони варзида ба воя расидаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё