Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

А. А. Семёнов, мисли дигар муҳаққиқони рус пеш аз ҳама ба тадқиқу омўзиши таърих ва ҷойгоҳи аморати Бухоро ҳамчун яке аз марказҳои асосии тамаддуни минтақа аҳамияти вижа додааст. Аз 62 кори тадқиқотии оид ба таърих ва фарҳанги Осиёи Марказӣ бахшидааш, ки ҳанўз дар давраи тошўравӣ нашр шуда, ба муҳаққиқ шўҳрати ҷаҳонӣ овардаанд, 15-тоаш бевосита ба таърих ва фарҳанги аморати Бухоро бахшида шудаанд. Баъдан, дар замони шўравӣ низ ин масъала дар пажуҳишҳои ин муҳаққиқи шинохта ҷойгоҳи муҳимро ишғол менамуд. А.А.
Семенов пеш аз ҳама ба масъалаҳои сохти иҷтимоӣ-табақавии аморат, таърихи ислом ва шохаҳои гуногуну ҷараёнҳои динию мазҳабии он, ба мисли тасаввуф ва исмоилия таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Мақом ва мавқеи табақаву қишрҳои алоҳида дар нардбони иерархӣ (силсилаи мартабаҳо)-и аморати Бухоро ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи муҳаққиқ қарор дошт.
Инро мо метавонем пеш аз ҳама дар асарҳои «Средняя Азия. Очерк», «Этнографические очерки Зеравшанских гор, Каратегина и Дарваза», «Из области религиозных верований шугнанских исмаилитов», «Очерк поземельно - податного и налогового устройства в Бухарского ханства», «Очерк устройства центрального административного управления Бухарского ханства позднейшего времени», «К прошлому Бухары»,«Бухарский трактат о чинах и званиях и об обязанностях носителей их в средневековой Бухаре», инчунин дар мақолаҳо, тақризҳо ва қайдҳои

пешина
аз 142
навбатӣ