Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

чопшуда ва ё чопнашудаи сафарҳои сершумори муҳаққиқ
мушоҳида намоем [11;12; 13; 14; 15;16;17].
А. Семёнов аҳолии Бухороро ба табақаҳои деҳқонон,
чорводорони кўчманчӣ (саҳронишин, чорводор), аҳолии
шаҳр (шаҳрнишин ё ҳисорӣ) тақсим мекунад. Дар навбати
худ, сокинони шаҳр ба косибон, тоҷирон (савдогарон) ва
амалдорон табақабандӣ мешаванд. Тибқи маълумоти ў,
руҳониён (уламо) ва корпоратсияҳои сершумори дарвешӣ
як гурўҳи махсуси иҷтимоиро ташкил медоданд [16, 982].
Намояндагони ин қишр аз дигар табақаҳои ҷомеа бо сарулибос, саллаҳои калони сафеди муслинӣ, ҷомаҳои банораси пуштӣ фарқ мекарданд. Онҳо мўзаҳои тунуки бепошна, маҳсӣ ва аз болои он кафш мепўшиданд [16, 982].
Академик Семёнов таркиби дохилии ҷомеаи Бухороро
мавриди таҳлил қарор дода, таъкид менамояд, ки руҳониён бонуфузтарин табақаи ҷомеаи аморат буданд, ки ба
он қозиҳо, муфтиён, аъламҳо, охундҳо, райисҳо, мударрисон ва имомхатибону муллоҳо шомил мешуданд [16, 987].
«Руҳониён, менависад ў, - як корпоратсияи хеле муттаҳидро мемонданд, ки дар руҳияи мутаассибонаи динӣ ба
ҳам пайваст шуда, тибқи талаботи тағйирнопазири
қонуни ягонаи илоҳӣ бо номи шариат амал менамуданд»
[16, 987]. О. А. Сухарева низ мавҷудияти руҳониёнро
ҳамчун табақаи мустақили бонуфузи Бухоро дониста,
таъкид менамояд, ки ин табақа аз сайидҳо, хоҷаҳо, уламо
ва фоқеҳон иборат буд. Сайидҳо ва хоҷаҳо худро «табақаи
муқаддас»ҳисобида, худро нисбат ба дигар табақаҳои
аморати Бухоро мухолиф мегузоштанд [18, 183-184].
Дар бораи маънои ин мафҳум дар байни муҳаққиқон
андешаҳои гуногун вуҷуд доранд. Масалан, В.В. Бартолд
муътақид аст, ки маълумоти хаттии насабнома, ки иддаои хоҷаҳо бар он асос ёфтааст, бештар қалбакӣ аст [6, 276].

пешина
аз 142
навбатӣ