МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Дар баробари ин, аз рўи гуфтаи О. А. Сухарева, на ҳамеша авлоди хоҷаҳои маъруф, ки мутааллиқ ба як авлод буданд, мавқеи баробар доштанд, аксар вақт онҳое, ки соҳиби даромади калон ва ё боигарии зиёд набуданд, мутаносиб ба дороии худ дар ҷомеа мавқеи поёнтарро ишғол мекарданд, ҳатто бархе аз онҳо ба ҳунармандӣ ва ё деҳқонӣ низ машғул буданд [18, 184-186].
Ба тоифаи уламо, инчунин, намояндагони табақаи болоии руҳониён-мутакалимон, вакилон, мударрисҳо, намояндагони фиқҳ, донандагони шариат, қозӣ ва муфтиҳо шомил буданд. Эшонҳои меросӣ (ирсӣ), пешвоёни тариқати сўфӣ, ёварон ва пайравони онҳо, руҳониёни одӣ, солеҳон, посбонони мазорҳои муқаддас, инчунин донишҷўёни мадраса низ узви ҳамин тойифа маҳсуб меёфтанд [18, 287].
Дар бораи рўҳониён ва сохтори дохилии ин табақа муҳаққиқони гуногун андешаҳо баён карда бошанд ҳам, вале А. Семёнов муфассалтар ва пайгирона онро мавриди баррасӣ қарор додааст. О. И. Сухарева барҳақ навиштааст, ки баъди инқилоб ба шарофати асарҳои пурарзиши ин муҳаққиқ сохти маъмурӣ ва ҳаёти динии аморати Бухоро пурра равшан гардид [18, 290]. Тадқиқоти А. Семёнов ҳамеша ба таҳлили ҳаматарафаи маъхазҳои хаттӣ, маводҳои пурсиш, суҳбат ва мушоҳидаҳои шахсии худи муаллиф асос ёфтаанд. Вай на танҳо сохти дохилии табақаи руҳониёнро муфассал ва равшан мекунад, балки дар айни замон таърихи пайдоиш, мавқеъ ва зинаи иерархию нақши онҳоро низ дар ҷомеаи феодалии аморати Бухоро инъикос менамояд. Аз ҷумла, дар осори ў вазъи мактабу маориф дар аморат, муносибати руҳониёни Бухоро ба мактабу маориф дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX ба таври муфассал инъикос ёфтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё