МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Мактабу маориф дар аморати Бухоро комилан дар ихтиёри руҳониёни мусулмон буд. А. Семёнов мавқеъ ва нақши ин табақаро дар ҷомеаи Бухоро таҳлил намуда, менависад, ки руҳониён пуштибонии худро дар байни ҳазорон нафар толибилмон, ба истилоҳ муллобачаҳо, шогирдони мадрасаҳои сершумори Бухоро пайдо кардаанд [16, 988]. Дар баробари ин, руҳониёни Бухоро аз табъи толибилмҳои мадраса моҳирона истифода бурда, олимону амалдорони ба онҳо номувофиқро аз вазифаашон дур мекарданд ва ё барои аз байн бурдани ин ё он падидаи ҷамъиятии барои руҳониён номатлуб истифода мекарданд [16, 989]. «Ягон тафаккури тоза, ягон навоварӣ ва ҳатто як ишораи он, -менависад А. Семёнов,- ба ин муҳити беҳаракати сангшуда, ворид шуда наметавонист» [16, 989].
Хусусияти хоси низоми анъанавии мактабу маорифи нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX, мисли давраҳои пеш дар он буд, ки он низоми ягонаи давлатӣ маҳсуб намеёфт, онро давлат маблағгузорӣ намекард ва ҳатто дар идоракунии он ширкат надошт. Аз ин рў, мактабу маориф барои тамоми қишрҳои ҷомеа дар дасти руҳониён, хайрхоҳони гуногун ва шахсони алоҳида буд. Табиист, ки дар чунин ҳолат муассисаҳои таълимии суннатӣ наметавонистанд, мутахассисони варзида омода кунанд ва ё ба муҳассилини худ дониши дунявӣ диҳанд.
Вазъияти маорифи халқ дар давраи ҳукмронии сулолаи манғитҳо, махсусан, ҳокимони охирини он, боз ҳам бадтар шуд. Дар ин бора Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Мирзо Абдулазими Сомӣ, Мирзо Сироҷи Ҳаким ва дигар ҳамзамонон ба таври муфассал навиштаанд. Масалан, С.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё