МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Маҳз чунин ҳолати мактабу маориф қишри пешқадам ва тараққипарвари зиёиёнро водор кард, ки кўшиши ислоҳи низоми маориф ва таълиму тадрисро ба миён гузоранд, ки яке аз равандҳои асосии он ташкили мактабҳои усули ҷадид маҳсуб меёфт. Воқеан, дар ҳолати ҳукмронии низоми идории ақибмонда ва сохти иҷтимоию иқтисодии асримиёнагӣ, инчунин тақвияти мафкураи динии феодалию клерикалӣ ба миён омадани андешаҳои маорифпарварӣ ва танқиди пояҳои мавҷудаи ҷомеаи аморат падидаи пешқадаме буд. Қишри пешқадами зиёиён на танҳо асосҳои ҷомеаи патриархалӣ-феодалиро сахт танқид мекарданд, балки роҳҳои баромадан аз вазъияти ба миён омадаро низ нишон медоданд. Беш аз ҳама, онҳо ислоҳоти соҳаи маорифи халқ, таълими илмҳои дунявӣ ва дақиқ ба ҷойи фанҳои кўҳна ва нодаркори динӣ ба мисли низоми маорифи аврупоӣ, омўзиши забонҳо, ба хусу русиро пешниҳод менамуданд. Чунончӣ Аҷзии Самарқандӣ дар ибтидои асри XX ба ҳамин маънӣ ишора намуда гуфтааст:
Мусулмонон чаро дар мактаби рус,
Намехонанду месозанд номус?
Бихонӣ дар макотибҳои русӣ,
Шавӣ алломаи машҳури тўсӣ...
Аммо мухолифони асосии мактабҳои усули нав руҳониёни мансабдор буданд, ки на танҳо ба муқобили мактабҳои нав муборизаи шадид бурда, онҳоро нопок, зиддидинӣ, ҳаром эълон мекарданд, балки хилофи ҳамагуна дигаргунию навоварӣ ва тағйирот дар ҷомеаи аморат буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё