МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
ба масоили тарғибу ташвиқи донишҳои сиёсӣ, омоданамудани кадрҳои баландихтисос, фаъолияти ташкилотҳои
ҳизбӣ, сатҳи фарҳангию донишмандии кормандони мақомоти ҳизбию давлатӣ, адабиёти шўравии тоҷик ва вазифаҳои он, рушди минбаъдаи фарҳанги халқи тоҷик, пахтакорӣ ва ривоҷи он дар мақолаҳои илмӣ-оммавии худ таваҷҷуҳ намудааст.
Рў овардани академик Б. Ғафуров ба пажуҳиши илмии
таърихи халқи тоҷик охири солҳои 30-юми асри гузашта
рост меояд. Қадами аввал дар ин самт ба чоп расидани ду
рисолаи илмӣ «Ба муқобили фаранҷӣ ва урфу одатҳои
динӣ» [6] ва «Афтидани аморати Бухоро» («Падение
Бухарского эмирата: к 20-летию Советской революции в
Бухаре (1920-1940 гг.»), дар ҳаммуалифӣ бо Н. Прохоров
[3] маҳсуб меёбанд. Таваҷҷуҳ ба тадқиқи таърихи халқи
тоҷик аз тарафи як нафар ҷавони содиқ ба ҳокимияти
нави шўравӣ ва ҳадафҳои асосии он бесабаб набуд. Агар
аз як тараф тавассути фаъолияти рўзноманигории худ ба
масоили таърихӣ бештар ошно шуда бошад, аз тарафи
дигар ў аз авзои сиёсию ҳуқуқии мардуми тоҷик ва маҳдуднамоии маснўии ҳуқуқу манфиатҳои он дар ибтидои
асри XX ва махсусан, дар ду даҳсолаи аввали мавҷудияти
ҳокимияти шўравӣ пурра бархурдор буд. Б. Ғафуров роҳи
асосии ҳимоя аз ҳуқуқу манфиатҳои халқи худро дар
тадқиқ ва муаррифии таърихи бой ва пурғановати он дид,
роҳҳои дигар дар он солҳои равнақи таъқиботи сиёсӣ басо
хавфнок ва фоҷиаовар буд.
Бо ин мақсад Б. Ғафуров соли 940 роҳи таҳсил дар
аспирантураро пеш мегирад ва 11 апрели соли 1941 дар
Шўрои махсуси Институти таърихи Академияи илмҳои
Иттиҳоди Шўравӣ дар мавзуи «Таърихи сектаи исмоилиён

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё