МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Арзиши илмии китоби мазкур пеш аз ҳама дар он аст, ки бори аввал муаллифон ҷасурона таърихи тоҷиконро дар алоҳидагӣ ва тибқи талаботи методологияи нав ба риштаи тадқиқ ва таҳлил кашиданд. Дар он шароит, ба чунин шакл манзур намудани таърихи халқи тоҷик ва ба замми он, ҳамчун сокинони бумӣ ва соҳиби таъриху тамаддуни минтақа муаррифӣ намудани тоҷикон ғайрату ҷасорати беандозаро талаб мекард. Дар пешгуфтори китоб аз номи ҳайати таҳририя омадааст, ки «то имрўз ақидае ҷорист, ки гўё навиштани таърихи алоҳидаи тоҷикону Тоҷикистон… зарурате надорад, мувофиқ ин аст, ки барои тамоми халқҳои Осиёи Миёна як таърихи умумии Осиёи Миёна навишта шавад» [11,3]. Ин ақидаро бархе аз шарқшиносони шинохта низ ҷонибдорӣ менамуданд.
Академик Б. Ғафуров на танҳо ин чаҳорчўбаро шикаст, балки исбот намуд, ки таърихи ҳар як халқи муқими Осиёи Миёнаро метавон дар алоҳидагӣ тадқиқ ва таълиф намуд. Баъдан, соли 1949 дар нашри русии «История таджикского народа в кратком изложении» [4, 465] ў менависад, ки новобаста ба муқовимати баъзе аз шарқшиносони шинохта бояд таъкид намоем, ки «ҳар як халқи Осиёи Миёна дорои хусусияти махсус ва таърихи хусусии худ аст». Б. Ғафуров дар ин рисолаи илмии худ бо як ҷасорати олимона на танҳо талошу муборизаи халқи тоҷикро дар роҳи озодӣ ва ҳимояи марзу буми хеш ба риштаи тадқиқ мекашад, балки таърихи пайдоиш ва ташаккули тоҷиконро ҳамчун этноси воҳид ва аз қадим сокинони бумии ин минтақа будани онҳо, дар заминаи халқҳои ориёии шарқиэронӣ ташаккул ёфтани тоҷиконро ба миён мегузорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё