Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
ИШҚНОМАНАВИСИ НАСЛИ МО
Гулрухсор яке аз пуркортарин ва хушкортарин шоирони имрӯзаи тоҷик аст. 17 декабри соли 1947 дар деҳаи Яхчи ноҳияи Комсомолобод (Нурободи имрӯза) дар оилаи хизматчии давлатӣ ба дунё омада, мактаби миёнаро дар зодгоҳаш хатм намудааст. Солҳои 1963-1968 донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд.
Фаъолияти меҳнатиашро ба сифати мудири шуъбаи адабии рӯзномаи «Комсомолии Тоҷикистон», мудири бахши матбуоти КМ ЛКСМ Тоҷикистон (1968-69), муҳаррири маҷаллаи «Машъал» (1970-72), муҳаррири рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» (1972-81) шурӯъ карда, баъдан котиби Садорати ИН Тоҷикистон (1981-86), раиси Хазинаи маданияти Тоҷикистон (1987-92) буд. Аз с. 1992 ба кори эҷодӣ машғул аст. Шеърҳои аввалинаш дар рӯзномаи «Қаротегини советӣ» нашр шудааст (1962). Баъдан ашъораш дар маҷмӯаҳои «Бунафша» (1970), «Хонаи падар» (1973), «Шабдарав»
(1975), «Афсонаи кӯҳӣ» (1975), «Дунёи дил» (1977), «Ихлос» (1980), «Оташи Суғд» (1981), «Гаҳвораи сабз» (1984, бо ҳуруфи форсӣ), «Оинаи рӯз» (1984), «Рӯҳи Бохтар»
(1987), «Қасидаи кӯҳистон» (1988), «Тахти сангин» (1992), «Зодрӯзи дард» (1995), «Дар паноҳи сояи худ» (1998), «Девон» (2004), «Биҳишти хобҳо» (2004), «Сад барги ғазал»
(2007), «Ҷовидона» (2009), «Сад оҳи як нафас» (2011), «Дигар ишқ» (2014) мунташир шуданд.
Гулрухсор шоири лирик аст. Дар лирикаи граждании ӯ тавсифи Ватан, изҳори муҳаббат ба Тоҷикистон ва кӯҳистони тоҷик, ба мардуми меҳнатдӯсти ин диёри офтобӣ бо самимияту сипоси тамом ифода гардидааст.
Мазмуну муҳтавои аксари шеърҳои ватандӯстона ва меҳанпарастонаи Гулрухсор дар шеъри «Тоҷикистон»
(1978) хеле возеҳ, самимона ва муассир инъикос шудааст:
Обрӯям, эътиборам,
Зиндагиям, рӯзгорам,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё