Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳар чӣ ҳастам, бо ту ҳастам,
Ҳар чӣ дорам, бо ту дорам,
Тоҷикистон!...

Аз замин то осмонро дӯст дорам,
Бас туро ман дӯст дорам, Тоҷикистон!
Лаҳзаро дар ҷовидонат мепарастам,
Мепарастам бас туро, парвардигорам,
Тоҷикистон!..

Ба лирикаи граждании замони шӯравии Гулрухсор, ки тасвири меҳнати бунёдкоронаи мардум, манзараҳои дилрабои кӯҳистон, ёди модар ва айёми кӯдакӣ, саҳифаҳои таърихи халқу кишвар дар он мақоми хоса дорад, омезиши таркибии ҷанбаҳои объективӣ ва субъективӣ, тасвири ҳиссиётписанд ва таъсирбахш хос аст.
Пайванди ногусастаниву таркибии ҷанбаҳои объективию субъективӣ хусусан дар ашъори ватанпарастонаи Гулрухсор ба таври барҷаста падидор мешавад, ҳиссиёти шахси шоир бо шоҳмафҳуми мавзӯи шеър ба ҳадди имконпазир меомезад, ҳастии ӯ бо ин мафҳум тавъамон ба зуҳур меояд:

Дар замоне, ки замин бе такя аст,
Такядорӣ навбати ман омада.
Доварӣ дар бозии тифлони пир,
Ҳақгузорӣ навбати ман омада:
Такядору ҳақгузори ман, Ватан!
Довари ойинадори ман, Ватан!
(«Ватандор», с. 1984)

Дар ин гуна шеърҳои Гулрухсор шахси шоир ба андозае фаъол, барои замони худ то ҳадде бебок аст, ки тамоми бори ватандорӣ, ифтихори миллӣ ва масъулияти таърихии Ватану миллатро бар дӯши худ мегирад:

Дар нигоҳи нусхагири беҳунар
Гар Гули рухсори ҷурму иллатам,

пешина
аз 202
навбатӣ