Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Агарчи Тоҷикистонам калон нест,
Ҷаҳон дар чашми ман бе он аён нест…
Ҷаҳоне дар ҷаҳон бошад бароям,
Ҷаҳон бе Тоҷикистонам ҷаҳон нест.
Дар шеърҳои иҷтимоимавзӯи Саидалӣ Маъмур масъалаҳои доғи рӯз, тарғиби ахлоқу одоби ҳамида, мазаммати тамаллуқкорӣ, нашъаҷаллобӣ, худсӯзии духтарон, ташвиқ ба муносибати дилсӯзона ба муҳити зист, тасвиру васфи зебоиҳои табиати диёр ва амсоли инҳо низ мавқеи муҳим доранд.
4 Қавитарин ва баландсадотарин оҳанги шеъри Саидалӣ Маъмурро васф, ситоиш ва ташвиқу тарғиби одамият, некиву накӯкорӣ ва меҳру шафқат ташкил медиҳад. Худи шоир, ки дар зиндагӣ дарду ғами бисёре кашидааст, дар рӯзгор ва шеъраш хайрхоҳу некирасони дигарон мебошад, чунон ки мегӯяд:
Худ, ки дар зиндагиям рӯзи хуше кам дидам, Сад беҳин рӯз бихоҳам ба ҳама хушрӯзон.
Самимият, тарғиби покиву озодагӣ, арҷгузорӣ ба меҳру вафодорӣ дар ашъори ҳолия, ошиқона, иҷтимоӣ ва граждании шоир баланд садо медиҳад ва арзиши дарунмояи чунин шеърҳоро фузун мегардонад. Маҳз ҳамин самимият дар бисёр мавридҳо адами тасвир ва таъбирҳои бадеиро ҷуброн мекунад ва шеърҳоро хонданиву дилписанд менамояд. Дар баробари ин, дар шеърҳои ба назари аввал гӯё сода ва хитобиву таҳкиявии Саидалӣ таъбирҳои баланду хушоянди бадеӣ фаровон истифода мешаванд ва самимияти гуфтори шоирро ба маротиб меафзоянд. Таваҷҷуҳ фармоед ба ин пора аз шеъри «Ёри кӯдакӣ»:
Гар ёд мекунӣ маро, раҳ гир сӯи рӯд,
Бингар, ҳанӯз заврақи мо назди соҳил аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё