Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Кӯҳҳо чун уштурони пур зи бор,
Дар канори деҳи мо хобидаанд.
Гӯиё истода дар роҳи сафар,
Интизори субҳдам гардидаанд.
Дар байти зерин аз шеъри «Падар» тавассути таҷниси «рӯи об» ва «оби рӯ» фикри ҷолиби шоир бисёр нишонрас ифода ёфтааст:
Уммеду орзуи ба худ бурдаи туро
Ман рӯи об мекунам акнун ба оби рӯ…
Чунон ки қайд кардем, тарғиби одамият ва ҳузури самимият дар шеъри Саидалӣ Маъмур, инчунин бори рӯзгоре, ки ӯ кашидааст ва таҷрибае, ки андӯхтааст, барояш имкон фароҳам овардааст ва ҳуқуқи маънавӣ додааст, ки дар ашъораш ба хонанда ҳикматҳоеро пешниҳод бикунад, ки панди зиндагиянд ва боз ҳам таъкид бар аслҳои одамият доранд. Масалан, бесамарии умри баъзе касон дар шеъри масалмонанди «Шапалак» чунин баён гардидааст:
Шапалак дида умри якрӯза,
Кори садсола медиҳад анҷом…
Гоҳ одам ба умри садсола
Бенишон рафта, мешавад гумном.
Дар шеърҳои ҳикматомези Саидалӣ низ оҳанги одамият ва раҳму шафқат мавқеи муҳим дорад. Дар дубайтие шоир ба маънии зарурати дилбардориву дастгирии дилшикастагон мегӯяд:
Агар бозичае бишкаста бошад,
Варо як сӯй партоянд он гоҳ
В-агар дил бишканад, эй дилшиносон,
Набигзоред осон дар сари роҳ.
Ва ё дар шеъри «Кӯҳнадӯз», ки бахшидаест ба шахсияту шуғли маъюбе, ки ду пои худро дар ҷанг гум кардааст, мехонем:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё