Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Лек бояст, ки эй раҳгузарон,
Кӯҳнадӯзии варо омӯзем.
Чокҳои дили афгорашро
Битавонем, ки мо ҳам дӯзем.
Баъзе байту пораҳои ҳикматомезу андарзмазмуне, ки дар ашъори Саидалӣ Маъмур вомехӯранд, маҳсули маҳз андӯхтаҳову озмудаҳои зиндагии шахсии ӯ ҳастанд ва касро ба андешаву мулоҳизаҳо оид ба маънии рӯзгор ва ҳастии одамӣ вомедоранд, мисли:
Роҳро гум кунӣ, эй роҳгузар, меёбӣ,
Роҳи дил гум кунӣ, онро ту магар меёбӣ?!
Дар замоне, ки ҳифз кардану арҷ гузоштан ва риоят намудани арзишҳои волои ахлоқиву маънавӣ яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷомеа шудааст, чунин шеърҳо аҳамияти хосса касб мекунанд.
5 Сайдалӣ Маъмур, чунон ки дар оғози ин мақола ишора шуд, аз ҷумлаи шоирони содагӯву дар ҷодаи шеър бонизом аст. Ин маъниро ӯ дар шеъре чунин баён доштааст:
Ман мансабу ҷо талаб надорам,
Дар шеър биёфтам мақомам.
Омӯхт низоми дил Низомӣ,
Ман раҳрави шеъри бонизомам.
Аз мурур аз ашъори солҳои гуногуни Саидалӣ маълум мегардад, ки ӯ аз таҷрибаву коргоҳи эҷодии шоирони насли бузургтар хеле омӯхта, тарзу усулҳои суханварии онҳоро эҷодкорона истифода намудааст. Дар баъзе шеърҳои ӯ таъсири бевоситаи Аминҷон Шукӯҳӣ («Ба дилбари беилтифот», «Чашмҳо» ва ғ.), Боқӣ Раҳимзода («Илтиҷо») ва дигар устодони гузашта эҳсос мешавад. Ин таъсир хусусан дар шеърҳои ғаноии сужадор барҷаста намудор мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё