Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Биноан, гоҳе баъзе мунаққидону шоиронамон шакли зоҳирии чунин шеърҳоро мебинанду ба онҳо айбҳои «умумигӯӣ» ва «ҳарфи муфт»
мегузоранд.
Ҳол он ки дар «хитобатарин» аз ашъори солҳои охири Камол Насрулло «Биё, созем Роғунро» дар пайи ин шиор шеъри (!) ин хитоба ниҳон аст: «ба рӯи тахтапушти худ», ки шеъри ормониву омолист.
Бештари шеърҳои ба истилоҳ хитобаи Камол тавсифию шиорӣ нестанд, чунон ки дар нигоҳи аввал менамоянд, балки иҷтимоиву маърифатиянд ва ҳадафу нишони мушаххасе доранд, ки бо таъбиру таркибҳои тоза талқин мешаванд, хонандаро ба худогоҳӣ ва худшиносӣ ҳидоят мекунанд. Масалан, дар шеъри «Биё, бошем!», ки сабкаш хитоба аст ва унвону оҳангаш даъватист, мехонем:

Биё, ҳампои мардони Худо бошем, Умеди раҳнавардони ғарибу бенаво бошем, Агар чизе набошем, эй азизи ман, Биё, рӯ бар Худо орему ду дасти дуо бошем!
Биё, бар нафси худ боло шавему ҳиммати худро ҷило бошем!
Саломи субҳи суриро сало бошем!
Чу мефахрем бо ҳар қуллаи кӯҳи диёри худ, Биё, бо некномӣ қуллае дар қуллаи ин қуллаҳо бошем!
Биё, бошем, ҷони ман, биё, бошем!

Банда, масалан, дар ин пора «ҳарфи муфте» ё «умумигӯие»-ро намебинам, баръакс, ин мисраъҳо касро ба имону инсоф, ба худогоҳиву Худошиносӣ, ба ҳимматбаландиву пайкори нек ҳидоят ва дилгарм мекунанд.
Агар эҷодиёти Камол Насруллоро дар маҷмӯъ бигирем, маънову оҳанги гуманистӣ дар ашъори ӯ тасаллути комил дорад. Ба ин маънӣ Камол пеш ва беш аз ҳама шоири гуманист аст, инсон бо тамоми арзишҳои маънавию ахлоқияш меҳвари асосии эҷодиёти ӯро ташкил медиҳад.
Албатта, некихоҳиву меҳрубонӣ, дилбардориву дастгирӣ ва хайрхоҳиву ғамшарикӣ ба инсоне, ки бигзор мушаххас набошад, дар ҳар сурат ба хонандаи ноумед умедворӣ, ба шахси дилшикаста болу пар ва ба нафари бепаноҳу бекас рӯҳу тавон мебахшад.

пешина
аз 202
навбатӣ