Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Ва дар чунин ҳолатҳо, вақте ки кас дар ҳалқаи лоилоҷӣ дармемонад, дунё ба назараш тираву тор менамояд ва муҳит ба ӯ аз тамоми ҷабҳаҳову ба ҳамаи василаҳо фишор меорад, охирин умеди худро ба Худо мебандад ва аз ин умедворӣ шояд сабукие ҳис бикунад, хешро аз ранҷу азоби танҳоӣ бираҳонад. Дар шеъри «Биё, бошем!», ки болотар порае аз он иқтибос шуд, инчунин дар шеъри «Ту танҳо нестӣ» маҳз аз ҳамин ҳолати рӯҳонӣ раҳонидани инсони дармонда ҳадафи гуманистии шоир аст. Дар чунин ҳолат хеле муҳим аст, ки ба каси дармонда рӯирост «ин фикрат хатост», «гумонат нодуруст», «бояд ин тавр карду он тавр накард» гуфта нашавад, балки вазъи рӯҳиву равонии ӯро дарк кардан ва суханоне барои тасаллии дилаш ёфтану онҳоро на танҳо гуфтан, балки талқин карда тавонистан ҳунари волоро аз шоир тақозо менамояд. Камол Насрулло чунин ҳолатҳоро хеле зиёд дидаву омӯхтааст ва кӯшишҳои бобароре низ бисёр дорад, то инсонро аз қайди рӯҳафтодагиву дилмондагӣ бираҳонад, мисли:
Дар ин дайри ҷафопеша, дар ин дунёи пурасрор
Раҳо шав аз ҳама, худро ба дастони Худо биспор.
Дар ин дунё, дар он дунё ҳамин як раҳнамо бо туст,
Худо бо ту, Худо бо ту,
Худо бо ту, Худо бо туст!
Зеро имон ба Худо, имон ба зиндагист ва:
То гуле мерӯяд аз ин хок,
Мурғаке то болафшон
Менамояд ин ҳаворо пок,
Зист бояд, зист бояд бо дили бебок…
Ҳиммати сабзидани як сабза аз худ,
Ҳиммати рӯйидани гул аз ниҳоди хеш,
Гар набошад дар ниҳоди мард, номардист,
номардист, номардист!!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё