Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Оҳанги ҳаётдӯстӣ, арҷ гузоштан ба зиндагӣ, ба қадри ҳар лаҳзаву ҳар нафас расидан, дурӣ ҷустан аз ҷаҳолату хиёнат яке аз паҳлуҳои муҳимми ғояи гуманистӣ дар эҷодиёти Камол Насрулло аст ва ҳар мисраъу ҳар ҳадафи шеъри ӯро равшантар мунаввар менамояд. Аслан, расидан ба қадри они воҳид, онро азиз донистан, ба он арҷ гузоштанро классикони мо ва адибони фалсафимашраби дунё хеле бисёр ва зебо талқин кардаанд ва дар фалсафаи ҳаётии адабиёт ин нукта пазиро гардида, то андозае ба ҳукми анъанаи фикрӣ даромадааст.
Устод Рӯдакӣ дар ин маънӣ бисёр байту қитъаҳои пандомӯз дорад. Абулмаъонӣ Бедил ин маъниро дар ниҳояти салосат ифода намудааст:

Ашк як лаҳза ба мижгон бор аст,
Фурсати умр ҳамин миқдор аст.

Мусаллам аст, ки устодони гузашта чунин маъниҳоро асосан дар шаклу либоси ҳикмат ва андарз гуфтаанд. Дар шеъри муосири тасвирӣ ҳикмат ва ҳадафи шеър бештар аз тасвири манзара ва ҳолат бармеояд.
Дар истифодаи чунин нукта хеле муҳим аст, ки лаҳзаи нотакрори умри гузарон, они воҳиди зиндагӣ чӣ ангезае дорад, аз кадом чиз, рӯйдод ва ҳодисае маншаъ мегирад ва онҳо миёни худ чӣ таносуби зоҳирӣ, равонӣ, маъноӣ ва мантиқӣ доранд. Танҳо комилан мутаносиб омадани ҳолату рӯҳияе, ки шоир ифода мекунад, бо ангезаи он ҳолати рӯҳия метавонад шеърро муассир, манзараро тасаввурпазир намуда, хонандаро ба ҳамон муҳит ҳидоят бикунад ва ба ҳамон иҳота биандозад.
Дар осоишгоҳи Шоҳамбарӣ будем. Шомгоҳон буд. Барфи аҷиби пар-паракон меборид, гӯё аз осмон ситораҳо рақскунон мерехтанд ва бо ҳавои рақси худ тамоми мавҷудоту махлуқотро ба рақс мехонданд, ба муҳити хеш мекашиданд.
Ба утоқи Камол рафтам, ки дар дами тиреза нишастаасту чунон ба тамошои бориши барф дода шудааст, ки аз даромадани ман огоҳ ҳам нашуд. Андак истодаму ба утоқи худ баргаштам, нахостам ҳолати ӯро халалдор бикунам. Рӯзи дигар баъди субҳона маро ба утоқаш даъват карду гуфт, ки имшаб шеъре навиштааст.

пешина
аз 202
навбатӣ