Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Бароям шеъри «Охирин барф, охирин ишқ…»-ро қироат намуд, ки ангезаи андешаҳои фавқ шуд ва ин ҷо бамаврид аст, ки порае чанд аз он манзур гардад:
Ҳамин барф охирин барф аст, Биё, гули сафеди ситораҳои варо чинем…, Биё, аз ин ҷалолати ҷалоовар В-аз ин ҷилваҳои ҷалӣ ҷило чинем, Биё, биё, гули барфро аз боғи Худо чинем…
Биё, биё, зи дасти ҳамдигар гирем, Биё, болу пари умед бикшоем, Биё, зи домани шамсу қамар гирем…
Биё, биё, ки фардо намерасад дигар В-агар расид, боз ҳам охирин аст, охирин аст, чу охирин соғар…
Биё, биё, ки охирин барф аст…, Биё, биё, ки охирин шодист…, охирин рӯз аст…, Биё, биё, ки охирин ишқ аст…, охирин дидор…, охирин ғуруби ғамсӯз аст…
Албатта, дар ин шеър ҳамаи сифатҳои нисбии «охирин»
ба нотакрории мавсуф далолат мекунад ва ин маънӣ хусусан дар пораи «…фардо намерасад дигар в-агар расид, боз ҳам охирин аст» равшан ифода ёфтааст, яъне фардое, ки рӯзи дигар мерасад, фардои дигар аст, ишқ ҳам дигар асту дидор ҳам ва ҳоказо. Зеботарин таъбири ин шеър истиораи «боғи Худо»-ст, ки ба осмон далолат мекунад ва хеле дилписанд аст.
Гуманизми ашъори иҷтимоимазмуни Камол Насрулло аслан аз чашмаи арзишҳои олии маънавию ахлоқии башар об мехӯрад, ҳадафҳои арзишманди миллӣ дар шеъри ӯ аз мағз-мағзи чунин меъёрҳои рӯҳонии умумиинсоние мисли раҳму шафқат, некиву адолат, имону инсоф бармеоянд.
Яъне инсон бо тамоми хислатҳое, ки ӯро шоистаи инсоният мекунад, қаҳрамони ашъори ғиноии ӯст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё