Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳатто дар миллимазмунтарин шеърҳои китоби «Рӯ ба меҳроби Ватан», мисли «Мо тоҷиконем», «Ҳуҷҷати бунёди мо», «Миллати фарофарин», манзумаи «Бозгашти Рӯдакӣ»
ва ғайра, арзишҳои умумиинсонӣ равшан намудоранд.
Зиёда аз ин, шеъри Камол Насрулло шеъри зиндагӣ, шеъри умед, шеъри созандаву рӯҳафзост. Ин нуктаро шоираи мумтоз Гулрухсор хеле мӯҷаз ва нишонрас таъкид намудааст, ки «Шеъри Камол шеъри зиндагист… Шеъре, ки дар он зиндагӣ зиндагӣ мекунад». Дар баъзе шеърҳои ӯ миёни хитобаву шиору даъватҳое, ки дар назари аввал гап ҳастанд, мисраъ, байт ва пораҳое мавҷуданд, ки як ҳолат ё манзара ва ё тасаввуреро пеши назар меоранд, ки аз он дил «таҳ мекашад» ва ҳамон ҳолату манзараву тасаввур ҷони шеър аст, мисли пораи зер аз шеъри «Зинда будан»:

Дастаки беҷонаки як тифлаки навзод
Нонамоёнат зи коми ноумедӣ мераҳонад.
Ноаён дасти нигоҳи модари ғамхор
Зери бори ғуссаву ғам уфтодан
Менамонад, менамонад, менамонад …

Нақди адабии мо бештар ба як паҳлуи эҷодиёти Камол – ба оҳангу мавзӯъҳои иҷтимоии шеъри ӯ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба лирикаи ошиқона, шеърҳои ҳолат ва тасвирии шоир камтар дахл кардааст. Ҳол он ки дар изҳори муҳаббат, баёни нозуктарин эҳсосоти ошиқона низ Камол хеле шеъру таронаҳои марғуб гуфтааст, ҳиссиёту хаёлоти ширини худро вобаста ба ҳолатҳои ангезаомез ифода намудааст, ки байтҳои зер аз шеъри «Изҳори ишқ» намунае аз онҳост:

Бо ту мехоҳам сухан бе ҳарф гӯям,
Бо забони ашки борон, бо забони барф гӯям.

Бо ту мехоҳам сухан ногуфта гӯям,
Бо каломи баргҳои суфта гӯям.

Худ забон бошам саропо чун забони обшорон,
Бо забони сабзаи навзод, бо бӯи баҳорон

Бо ту мехоҳам сухан хомӯш гӯям,
Бо забони бӯса, бо оғӯш гӯям…

пешина
аз 202
навбатӣ