Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ду китоби охири Камол Насрулло – «Фаросӯи нигоҳ»
ва «Рӯ ба меҳроби Ватан» ашъори ҳикматомез мавқеи хоса дорад. Акнун, ки Камол ба камол расидааст, тасаллут пайдо кардани ин навъи шеър дар эҷодиёти ӯ як амри табиист.
Моҳи декабри соли 2007 шоме дар шифогоҳи Шоҳамбарӣ ҳарду қадам мезадем, ки Камол ногоҳ аз ман пурсид:

– Аз ҳама бӯи хуш кадом бӯ аст?
Ман ҳам бидуни таъхир гуфтам:
– Бӯи шири навҷӯшида ва бӯи алафи навдаравида…

Ӯ ҷавобе надод, сухани маро на тасдиқ карду на рад. Пас аз чанд вақт шеъри «Гуфтугӯ бо худ»-ро бароям қироат кард, ки аз байтҳои ҳикматомӯзи он хеле лаззат бурдам.
Чанде аз онҳоро ба сифати намуна меорам:

– Аз ҳама бӯҳои олам хуштарини бӯ кадом аст?
– Бӯи нони гарм!
– Аз ҳама гулҳо гули хушрӯ кадом аст?
– Дар рухи духтар гули шарм!
– Аз ҳама волотарин ҳарфе, ки дорӣ ёд?
– Дар гусели ман дуои модарам…
– Аз ҳама ширинтарин лаззат?
– Ҳарфи тифлонро шунидан.
– Беҳтарин одоби чашмон?
– Айби мардонро надидан!
– Кист ғолиб аз ҳама кас дар ҷиҳод?
– Он, ки хашмашро бикушт андар ниҳод!..
– Чист рози зиндагии пурумед?
– Гиря кардан ҳамраҳи борон,
Ханда кардан ҳамраҳи хуршед!..

Табиист, ки таҷрибаи зиндагӣ ва кору пайкор дар ҷодаи адабиёту матбуот ба Камол Насрулло имкон ва ҳаққи маънавӣ медиҳад, ки оид ба печутоб ва шебу фарози рӯзгор, хислату табиати инсонҳо мушоҳидаву мулоҳизаҳои худро ҷамъбаст бикунад ва хулосаҳояшро дар шаклҳои панд, андарз ва тавсия манзури хонандагон гардонад, чунон ки дар шеъри «Чӣ гуна мард бояд буд?» аз ҷумла мехонем:

пешина
аз 202
навбатӣ