Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Чӣ гуна мард хоҳӣ буд…?!
Даме, ки муттакои бовари ту бишканад, бархез,
Ки қадду қомататро муттакои боварат созӣ…
Ғаматро гулхане дар базмҳои шодмонӣ кун,
Сукути пандрезатро забони безабонӣ кун,
Биё, дар ин замин як зиндагии осмонӣ кун…
Ба рӯзи мурданат лабханд дар лаб арғувонӣ кун,
Ба рӯзи мурданат дар марги худ ҳам зиндагонӣ кун…
2 Камол Насрулло шеърҳои тасвирии хеле ҷолиб дорад, ки нодида гирифтани онҳо аз рӯи инсоф нест. Масалан, шеъри «Вопасин хандаи хуршед» аз оғоз то анҷом тасвирист, хусусан байти мақтаи он хеле зебост:
Вопасин шуълаи хуршед ба гоҳи падруд
Бо лаби ман ба ҷаҳон хандаи худро бисуруд.
Тасвирҳои тозаву рангин махсусан дар шеърҳое, ки ба истилоҳ шеъри ҳолат мегӯем, фаровонанд. Дар онҳо бардошту ангеза, диду дарк, баёну ифода, таркибу таъбирот ва манзараву ҳолатҳо омехта бо ҳиссиёту ҳаяҷони муассир вуҷуди хонандаро фаро мегирад, ӯро ба ваҷд меорад ва ба ҳолати шоир мепайвандад. Бубинед, манзараи бориши барф чи гуна зебо ва бо чи ҳиссиёти баланди шоирона тасвир шуда:
Барф мечархаду ман мечархам,
Барф мерақсаду ман мерақсам.
Ҳой, мардум, бубароед, бароед, бароед,
Чеҳраву дасту дили хеш кушоед, кушоед, кушоед…
Ҳамрадифи гули барф
Аз замин то ба само файзи Худо мерақсад,
Нек бинед, дар ин лаҳза Худо мерақсад…
Ва ба ин тасвир бингаред, ки дар он ҳам манзараи мавриди тасвир ва ҳам василаҳои тасвир тозаи тозаанд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё