Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Оҳиста фуромадам зи пайроҳаи деҳ,
Он сон ки зи қулла муфурояд шаҳбоз.
Дар ар қадамам дарун-дарун бигриста,
Баргашта ба сӯи деҳ назар кардам боз.
(«Меҳр»)

Дар китоби «Роҳи деҳа»-и Муҳаммад Ғоиб ин гуна шеърҳо, ки аз ҳолату авзои раҳнаварди ҷавони ҷодаи эҷод ҳикоят мекунад, хеле бисёранд. Оре, дар шеърҳои он маҷмӯа мушоҳидаву таҳкия тасаллут дошт. «Боғи шаҳр», «Дидор», «Нома», «Рӯзҳои боронӣ», «Интизорӣ» ва ғ. аз ҷумлаи ҳамин гуна шеърҳои иборат аз мушоҳидаву ҳикоятанд. Вале дар китоби «Меҳргиёҳ» чеҳраи Муҳаммад қабл аз ҳама чун шоири тасвиргар намоён мешавад. Бубинед, ҳавлии падарро дар шеъри ҳамномаш ӯ чи гуна тасвир кардааст:

Буттае мисли мижжа меҷунбад,
Барг монанди дида метобад.
Сар ниҳода ба китфи тути пир
Ток мисли набера мехобад.

Баъзе пораҳои ин шеър сабти манзара, аксбардории сухании муҳити ҳавлист, мисли:

Дар сари тор хурмаи шир аст,
Сабаде дар сутун авезон аст.
Рӯи боме чу рӯи дастархон
Пур зи себу муруду челон аст.

Ин ҷо чизи муҳим мушоҳидаи шоир аст, дигар ҷузъиёти ҳунарӣ ба назар намерасад. Вале дар пораи зайл мо тешбеҳҳои тару тоза, забову нишонрасеро мебинем, ки таҷассумгари ҳунари волои шоиронаанд:

Чубкадуҳо чу шамъи шабафрӯз
Дар кафи шохаҳо чи зебоянд,
Гӯӣ рустоиёни меҳмондӯст
Шаб зи даргоҳи ҳамдигар оянд…

пешина
аз 202
навбатӣ