Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Муҳаммад Ғоиб дар як силсила шеърҳояш, аз ҷумла дар аксари шеърҳои китоби «Меҳргиёҳ», ба тасвиргарӣ ҷиддан гаравида, хеле комёб ҳам шуда буд. Дар нимаи солҳои 80-и қарни гузашта аз ҷумла шеъри «Ҷангал»-и ӯ нашр шуда, маро хеле мутаассир карда буд ва банда дар мақолаи «Таҳаввули шеър ва фардияти шоир» (1986) он замон бардошти худро аз ашъори тасвирии Муҳаммад чунин иброз доштаам:
«Манзарҳои табиат, ҳолоти гуногуни набототу ҳодисот дар шеърҳои Муҳаммад Ғоиб вазъияту ҳаракатҳо ва табиату хислатҳои мардумони гуногунро ба хотир меоранд. Масалан, дар шеъри «Ҷангал» дарахтон, навдаҳову шохаҳо силсилаобразҳое мебошанд, ки ба типҳои гуногуни одамон, ба маъниҳои иҷтимоиву ахлоқӣ ва олами маънавии инсонҳо далолат мекунанд.» Ва аз шеъри мазкур чанд бандро барои таъйиди андешаи худ мисол оварда будам, ки дар онҳо ҳамонандии вазъи ҷангал ва муҳити иҷтимоӣ тавассути диди моҳиятҷӯ ва ташбеҳҳои мутаносиби шоир хеле равшан таҷҷасум ёфта буд. Лозим медонам, ки он бандҳоро бори дигар хотиррасон намоям, то худи хонанда тавонад қазоват бикунад:

…Навдаҳо рӯи ба рӯ рӯи замин хобида,
Ҳамчу ожанг ту гӯӣ ба ҷабин хобида.
Хашми моиндару тифлони ятим ёд орам
Баргҳоро ба дами бод парешон дида…

Шохаи гашта ҷудо аз танаи сабзи ниҳол
Ҳамчу дастест зи ангушт ҷудо гардида.
Чун мададҷӯй, ку рӯ бар дари ёрон орад,
Мезанад чанг ба шохи дигаре нолида.

Зиндагӣ ҷангали печида бувад гар ба масал,
Байни ин хушку тараш лаҳзае дарёб маро.
Аз ғами шохаи бишкаста дили ман шиканад,
Ашки резони дарахте бикунад об маро.

пешина
аз 202
навбатӣ