Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ШЕБУ ФАРОЗИ НАҚД

(Ба пешвози Анҷумани XIII-уми
нависандагони Тоҷикистон)

Охирин ҷаласаи Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки тақрибан моҳе қабл баргузор гардид, аслан мебоист паҳлӯҳои гуногуни нашри асарҳои адабиеро мавриди баррасӣ қарор медод, ки аз ҳисоби маблағҳои ҳамасола аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудошаванда ба табъ мерасанд. Гузориши муовини директори нашриёти «Адиб», Шоири халқии Тоҷикистон Сайдалӣ Маъмур ин мавзӯъро ҳамаҷониба шарҳу тавзеҳ дод.
Вале музокира дар атрофи гузориш ҷаласаро тамоман ба маҷрои дигар бурд. Шоир ва мунаққид Аскар Ҳаким ба музокира оғоз карду мавзӯи доғи ҳаёти адабии имрӯзро бо ҳаяҷону эҳтимом ба миён гузошт. Моҳияти суханронии ӯ иборат аз ин буд, ки имрӯз нақди адабӣ дар Тоҷикистон ба маънии аслии ин истилоҳ вуҷуд надорад ва он асару мақолаҳоеро, ки дар бораи адабиёт нашр мешаванд, наметавон нақди воқеӣ донист. Чунин мавқеъро ағлаби сухангӯёни дигар ҷонибдорӣ накарданд ва ҳар кадом (аз ҷумла банда низ) мекӯшид далелу бурҳоне пеш орад, ки ҳол чунин нест.
Ба ҳар ҳол аз он табодули назар як чиз равшан гардид, ки вазъи нақди адабии мо воқеан ташвишангез аст ва таҳлилу таҳқиқи ҷиддиро тақозо дорад. Умедворем, ки Анҷумани сездаҳуми нависандагони Тоҷикистон дар қатори муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти адабии имрӯз ин мавзӯъро низ баррасӣ хоҳад кард.
Омилҳои бисёре ҳастанд, ки мунаққидону адабиётшиносонро аз ҷиддан шуғл варзидан ба нақди адабӣ бозмедоранд. Касоне, ки ба ин кор даст задаанд, хуб медонанд, ки навиштани як тақриз ё мақола заҳмати зиёди омодагиро тақозо дорад ва имрӯз ҳаққи ин заҳмат ба андозаи ақаллан шартӣ аз ҷониби нашрияҳо пардохта намешавад. Тасаввур кунед, ки мунаққид барои як китоби иборат аз 7 ҷузъи чопӣ аз нашриёт ҳамагӣ 400-450 сомонӣ ҳаққи қалам мегирад.

пешина
аз 202
навбатӣ