Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ё як мақолаи ҷиддии иҷтимоиву сиёсиро бо порчаҳои шеър ва руҷӯъҳои ғиноӣ оростану перостан ҳеҷ маънӣ надорад ва аҳаммияти он мақоларо коста мегардонад. Ҳадафи ман ин аст, ки адиб, хоҳ шоиру носир ва хоҳ адабиётшиносу мунаққиду мутарҷим, хусусиятҳову имконоту вазифаҳои услубсозии калимаҳо ва таркибу таъбирҳоро бояд бидонад ва аз онҳо бамаврид истифода бикунад. Ва бори дигар ҳамон суханони устод Лоҳутиро аз иқтибоси мазбур такрор мекунам, ки таҳкурсии адабиёт савод аст. Ва ин таҳкурсӣ пеш аз ҳама дар мактаб гузошта мешавад. Масъалаи сатҳи саводомӯзӣ дар мактаб аз замони устод Айнӣ то имрӯз ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ ва нигаронии аҳли илму адаб буд. Устоди зиндаёд Раҳим Ҳошим соли 1965 дар мақолаи «Мулоҳизаҳо оид ба маданияти сухан» таъкид карда буд, ки «хонандагони мактабҳои миёна дар бисёр мавридҳо ба саводи пухта ва пурраи ҳаматарафа соҳиб нашуда аз мактаби миёна мебароянд ва бо ҳамин маълумоти ноқис аз забони модарӣ ва вуқуф ба адабиёти гузашта ва имрӯзаи мо ба мактабҳои олӣ даромада, онро тамом карда, бештар муаллим шуда, боз ба мактаби миёна мераванд. Дар мактабҳои олӣ барои боло бардоштан ва мустаҳкам кардани савияи саводи онҳо чандон диққат дода намешавад…Ба ҳамин тариқ, як доираи сарбастае ба вуҷуд меояд…» Соли 1988, вақте ки устод маҷмӯаи «Солҳо дар саҳифаҳо»-ро омодаи чоп мекард, ба охири ин мақола сатрҳои зеринро илова намуд: «Аз навишта шудани ин сатрҳо зиёда аз бист сол мегузарад, вале масъалаҳое, ки дар ин ҷо ба миён гузошта шудаанд, ҳоло ҳам бо ҳамон шиддат вомехӯрад… Наход ин масъалаи ҳалталаб ҳеч ислоҳношуданӣ бошад?»
Баъди мурури бисту панҷ соли дигар мо боз ҳам бо нигаронии бештар маҷбурем ин суоли устод Раҳим Ҳошимро такрор бикунем.
Боқӣ, ба ҳамаи ҳозирин, хусусан ба адибони ҷавон, тавфиқ хоҳонам.
соли 2011

пешина
аз 202
навбатӣ