Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Адабиёт
Аз аввал хондан«СУХАНШИНОС НАЙӢ,
ҶОНИ МАН, ХАТО ИН ҶОСТ»
(Қайдҳо дар ҳошияи таълифи Давлати Раҳмониён
«Қаҳрамони як маҳал шоири миллат намешавад»,
«Нигоҳ, № 37, 20.09.2007)
Душманонам заифу номарданд,
Душмани мард орзу дорам.
Лоиқ
Ҳамин як мисраи Хоҷа ва як байти Лоиқ шояд ҷавоби кофӣ ба кулли даъвоҳову ҳукмҳои Давлати Раҳмониён мебуд. Вале чанд нукта ҳаст, ки нодида гирифтани онҳо берун аз имкону инсоф аст. Ба дигар ҳарфу ҳарзаҳои муаллиф коре надорам, вале аз нуктаҳои зайл наметавонам сарсарӣ бигзарам:
- Ҷомеаи мо тоза аз даргириҳое бадар омад, ки яке аз омилҳои сар задани онҳо авҷгирии ҳамон дарди куҳнаи маҳалгароӣ буд. Муаллифи мақола, аз афташ, ба он тоифае мансуб аст, ки аз оромиву осоиши ҷомеа дилтанг мешаванд, биноан ангехтани низоъи байни «шаҳришуурон» ва «саҳроишуурон»-ро эҷод карда, яке аз ҳадафҳои асосии мақола қарор додааст. Он ҷаноб аз шаҳру «шаҳришуурон» бо кароҳат ва надомат сухан мегӯяду дар тамоми «бадбахтиҳо»-и будаву набуда маҳз онҳоро гунаҳкор медонад, ки ин аз «вусъату умқи» назари ӯ шаҳодат медиҳад.
- Муаллиф ҳукм мекунад, ки «адабиёти тоҷикӣ дар сад соли охир адабиёти минтақавию маҳаллӣ буд». Не, ҷаноб, на дар сад соли охир, балки адабиёти тоҷикӣ дар тӯли ҳазор соли моқабл вобаста ба шароити таърихию давлатдорӣ, сиёсиву иҷтимоӣ ва муҳити фарҳангӣ зоҳиран минтақавию маҳаллӣ буд. Дар тӯли ҳазор сол адабиёти тоҷикӣ маҳз дар шаҳрҳои бароятон номақбули Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Чоч, Фарғона, Балх, Ҳирот, Шероз, Исфаҳон, Деҳлӣ, Лакҳнав, Дакан ва ғ., инчунин дар минтақаҳои Дарвозу Ҳисор, Кӯлобу Фалғар ва амсоли инҳо дар доираҳои мактабу маҳфилҳои адабӣ таҳаввулу татаввур дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё