Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Моҳиятан ин адабиёт дар тимсоли намояндагони барҷастааш устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Низомӣ, Мавлавӣ, Саъдиву Ҳофизу Камол, Ҷомиву Ҳилолӣ, Бедилу Соибу Саййидо, Аҳмади Донишу Шоҳин дар шаҳрҳо, минтақаву маҳалҳо, дар макотибу маҳфилҳои адабӣ нумӯ карда, касе аз онҳо «саҳроишуур»
набуда, «шаҳришуур», «миллишуур», аксарашон балки «башаришуур» буданд. Биноан, зӯри беҳуда мезанед, ки ҷомеаи адибонро гирифтори тафриқаи «саҳроишуурону шаҳришуурон» гардонед. Агар худи Шумо дар тангнову маҳдудаи «саҳроишуурӣ» монда бошеду шууратон аз фарҳанги шаҳру шаҳриён ҳазар дошта бошад, ихтиёр доред, вале дурӯғ нагӯед, зеро устод Турсунзодаро нашинохтаеду осорашонро нафаҳмидаед. Вагарна «башаришууртарин»
шоири қарни ХХ тоҷикро ба «саҳроишуурӣ» муттаҳам намекардед.
3. «Забони адабийи бухоройӣ»-ро ба доштани «замина дар талаффузи туркӣ» ва адами «намояндагӣ аз тафаккури умумитоҷикӣ» маҳкум намудани Раҳмониён, аз як сӯ, аз ноогоҳии комили ӯ аз латофату нафосати лаҳну гӯиши тоҷикони Бухоро сар зада бошад, аз ҷониби дигар, аз устод Рӯдакӣ то Шоҳину Айнӣ садҳо адиби шуҳратёри тоҷик дар ҳамон муҳити забонӣ парвариш ёфтаанду эҷод кардаанд ва аз равзанаи тангу дудолуди худ ба мероси ҳамаи онҳо нигаристану баҳо додан ва ба осиёби пантуркистоне, ки мавҷудияти тоҷиконро дар Осиёи Миёна (хусусан Бухорову Самарқанд) инкор мекарданду мекунанд, об рехтани Раҳмониён аз рӯи инсофу имон нест. Ҷаноби Раҳмониён нагуфтааст, ки кадом лаҳҷаву гӯиш «аз тафаккури умумитоҷикӣ»
метавонист (ё метавонад) намояндагӣ бикунад ва оё ин имконпазир аст. Ва оё назари устод Айнӣ дар бораи эътибори забони адабиёти классикӣ ва унсурҳои пазирои тамоми лаҳҷаҳои тоҷикӣ барои ташаккулу рушди забони адабӣ кӯҳна шуда ва ё нодуруст аст?
4. Ҷаноби Раҳмониён «мепартоянд»: «Муомилаеро, ки Фитрат ва Ҳайрат бо Шоҳину Туғрал карданд, дар таърихи адабиёти русӣ Зинаида Гиппиус ба Сергей Есенин раво дидааст».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё