Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Дар ин ҳолат ӯ бояд ному насаби шоирро пурра меовард, вагарна, Фитрати машҳур барои хонандаи қарни 20 ба баъд ҳамон Абдуррауфи Фитрат аст, ки дар ташаккулу пешрафти адабиёти тоҷикии ибтидои асри гузашта нақши равшан гузоштааст ва устод Айнӣ дар ин хусус навиштааст: «Осори мансури Фитрат якум намунаҳои адабиёти ҷадида аст дар забони форсӣ ба хоки Мовароуннаҳр».
Ба ҳар ҳол дар бораи бадхоҳиву бадкориҳои Мирзо Қурбони Фитрат нисбат ба Шоҳин низ далелу ҳуҷҷати муътамаде дар даст нест.
Устод Айни дар қисми сеюми «Ёддоштҳо» дар боби «Шарифҷон-махдум ва ҳамсуҳбатони ӯ» оид ба хаттот ва шоир Қорӣ Абдулкарими Офарин (Дӯзахӣ) маълумот дода, аз ҷумла дар мавриди муноқишаи Шоҳину Қурбонхони Фитрат ва нақши Дӯзахӣ дар ин моҷаро чунин менигорад:
«Офарин…барои ҷангонидани ду шоир ҳар кадоми онҳоро аз забони дигар ҳаҷв мекард. Чунончи Шоҳин, ки аз шоирони машҳури он замон буд, бо устоди худ қозӣ Қурбонхони Фитрат бо таъсири шеърҳои сохтаи ӯ ҷангидааст ва дар миёни ин ду шоир дар натиҷаи он ранҷиш хеле ҳаҷвиёт ба вуҷуд омадааст, ки ҳар ду ногап шуда аз дунё гузаштаанд…Ба сабаби иғвогариҳои ӯ лақаби «Дӯзахӣ»-ро ба ӯ Дониш додааст».
Чунон ки мебинем, ин муноқиша низ ба «саҳроишуурӣ»
ва «шаҳришуурӣ» ҳеч муносибат надорад ва натиҷаи шӯхиҳои иғвоангези Офарини Дӯзахӣ буду бас. Гузашта аз ин, дар тарбияву камолоти Шамсиддин–махдуми Шоҳин, ки зодаву парвардаи муҳити шаҳри Бухорост ва ба «саҳроишуурон» иртиботе надорад, Муҳаммад Тоҳирхоҷаи Зарир нақши бориз дорад, ки «шаҳришуур»-и бухороист ва ба қавли устод Айнӣ «Шоҳинро бо харҷи худ тарбия карда, ба воя расонидааст».
5. Ҷаноби Раҳмониён зӯр мезанад, ки худро ҳомии Мӯъмин Қаноат вонамояд. Ҳимоят аз кӣ? Аз Лоиқу Бозор Собиру Гулназар? Онҳо кай, дар куҷо ё дар кадом асар ба устод Қаноат дарафтодаанд, нисбат ба муаллими худ носипосӣ кардаанд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё