Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Адибоне, ки дар ҳалқаи ин шоирон будаанд, хуб медонанд, ки Лоиқ дар ҳузур ё ғайби устод Қаноат ҳамеша пеш аз овардани номи ӯ ба забон калимаи «муаллим»-ро истифода мекард ва на як бору ду бор таъкид намудааст, ки «ҳамаи мо аз остини муаллим Қаноат баромадаем». Аз Бозору Гулназар низ нашунидаам, ки оид ба эҷоди устод Мӯъмин Қаноат, на танҳо нописандона, балки беэътиноёна сухане гуфта бошанд. Пас, ин нифоқандозиву низоъангезии Раҳмониён чӣ поя, чӣ маънӣ ва чӣ ҳадаф дорад? Тахмину ҳадс заданҳои ӯ аз хусуси арзиши осори устод Қаноат (эътироф надоштанаш осори ӯро «ба ҷуз «Суруши Сталинград» ва ашъори ғиноӣ), навию куҳнагии ашъори Қаноату Лоиқ, бардошти Лоиқ аз Нодирпуру устод Қаноат аз Ахавон на танҳо сатҳиву ноогоҳона, балки фазлфурӯшонаву беҳудаанд.
6. Дар охир Раҳмониён ба масал сари худро ба шохи гов ҷанг андохтанӣ мешаваду менависад: «Дар паи Лоиқу Бозор рафтан мушкили равонӣ, яъне маънавиро бо худ надорад.
Омӯхтани услуби эшон кофист, ки ашъоре монои ашъорашон ба майдон ояд».
Лоиқро, ки барои миллат, барои таъриху забони миллат, аз ғами имрӯзу фардои миллат як умр сӯхт, шумо лоқайдона «қаҳрамони як маҳал» мегӯед. Лоиқеро, ки гуфтааст:
Ман нагӯям, з-оташи ғам бому айвонам бисӯзад,
Аз ғами ту, миллати ман, решаи ҷонам бисӯзад.
Ё:
Сахттар гарчи зи сангу оҳанам,
Орд шуд сутхон зи дарди меҳанам.
Лоиқ гӯё зуҳури шуморо, ҷаноби Раҳмониён, пешбинӣ карда будааст, ки дар байте гуфта:
Бузург бошӣ, биёву бузургворӣ кун,
Вагарна, рав ба деҳи хешу харсаворӣ кун.
Бале, сояҳои хира ё равшани ашъори Лоиқ ё Бозорро метавонед офаред, на бештар аз он. Ба ҳар ҳол то кунун ба сифати шоир на байте офаридаед, ки дилнишину вирди забони мардум ва чун журналисти телевизион на барномае сохтаед, ки хотирмону завқписанд бошад. Биноан, ҳар санге, ки кӯшиши партофтан ба боғи шеъри Лоиқу Бозор кардаед, ба девори баланди он боғ дакка хӯрда, бармегардаду ба пешонии худатон мезанад. Ва агар шоир (хоса шоири мардумписанд) нашудаед, шарт нест, ки аз худ чеҳраи озурдаву ҷаврдида тарошеду тавассути ҳангома барои эътибор пайдо кардан бикӯшед.
Бовар кунед, фоида надорад, аз ин роҳ тавфиқ ҳам нахоҳед ёфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё