Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ману Ҷӯрабек Назрӣ хомӯш будем. Оқои Шабистарӣ, ки аз суҳбат хеле мутаассир шуда буд, барои рифоҳи хотири мо шӯхиомез гуфт: «Оқои Ҷӯрабек мехоҳад маро Истолинист кунад, устод Миршакар андак монда буд, ки коммунистам бикунад».
Баъд аз ҳам ҷудо шудему ман ба хонаам (он вақт дар маҳаллаи 61 мезистам) рафтам. Тақрибан соати нуҳи бегоҳ буд, ки устод Миршакар занг зад. Садояш ошуфта ва андак хашмолуд буд. Азбаски чанд соат пеш бо ҳам будем, устод бидуни салому ҳолпурсӣ ба «тергав» шурӯъ кард:
– Абдуманнон (ӯ маро Абдуманнон ва Абдулҳамиди Самадро Абдусамад ном мегирифт), ин чӣ кори кардагият?..
– Чӣ шуд, муаллим? Кадом кор?
– Он покети байни варақҳо чӣ маънӣ дорад? Аз ҷониби кист он? Агар аз сафир бошад, худи ҳозир биёву бар, ман эҳтиёҷ надорам…
– Муаллим, охир ин маблағ барои доруворӣ аз ҷониби сафир аст, на аз сафорату на аз давлати Эрон…
– Фарқ надорад, биёву бурда деҳ. Ман аз ҷаноби сафир барои ташрифашон сипосгузорам, лекин ба пул эҳтиёҷ надорам…
Ҳарчанд фаҳмондан хостам, ки ӯ ба доруворӣ эҳтиёҷ дорад, туҳфаи сафир ҳеч ғараз надорад, самимона аст, вале фоида накард. Билохира гуфтам, ки ҳоло имкони рафтан надорам ва фардо субҳ мераваму пулро гирифта ба соҳибаш бармегардонам. Субҳи фардо тибқи ваъда ба манзили устод рафтам. Чеҳрааш ахмӣ буд. Янгаи Гулчеҳра ба имо маро тасаллӣ медод, ки «аҳаммият надеҳ». Дар шипангча бо ҳам якпиёлагӣ чой нӯшидем. Билохира устод «кафид» ва боз ҳам исрор кард, ки эҳтиёҷ надорад ва покетро ба дастам дод. Мани мулзам ноилоҷ покетро гирифта, бо устод худоҳофизӣ кардаму ҷониби дар равон шудам. Янгаи Гулчеҳра чун ҳамеша маро то берун гуселонид ва дар берун ман покетро чандқат карда ба ӯ додам, то барои устод доруворӣ бихарад. Янга боз чанд сухани тасаллибашх ба ман гуфту таъкид кард, ки сипоси аҳли оиларо ба ҷаноби оқои Шабистарӣ бирасонам.

пешина
аз 202
навбатӣ