Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳадаф аз муфассал нақл кардани ин воқеа таъкиди хислати назарбаландӣ ва сарфарозии устод Мирсаид Миршакар буд. Он замон ӯ аз бемории қанд сахт азият мекашид, вале бо вуҷуди ин ғурур ва ахлоқаш ба ӯ иҷозат надод, ки ҳатто ёрии беғаразонаро бипазирад.
Гумон мекунам, сабаби чунин пофишориву якравии устод, ба ҷуз принсипҳои ахлоқияш, омиле низ буд, ки он рӯзҳо оид ба даст доштани хориҷиён дар нобасомониҳои ҷумҳурии мо ҳар гуна овозаҳо зиёд буданд.
Устод Мирсаид Миршакар бо вуҷуди ин ҳама ҷиддияту солорӣ шахси бисёр зариф ва танзгӯ буд, латифаҳои аҷиб мегуфт ва шӯхиҳои пурзарофат дошт. Аз ҷумла нақл мекард, ки «Убайд Раҷаб беҳтарин муҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» буд ва қалам дар даст тақрибан тамоми маводи шумораҳои маҷалларо мехонду таҳрир мекард. Баъзан таҳрираш шеърро аз асли мақсад дур мебурд ва дар чунин мавридҳо бо ӯ баҳс кардану ба истилоҳ «гап гузаронидан» хеле душвор буд. Боре ман панҷ шеъри худ ва ду ғазали на он қадар маъруфи Ҳофизро ба онҳо ҳамроҳ карда ба Убайдулло бурдам. Гуфт, ки ҳатман мехонаду фардо фикрҳояшро дар бораи онҳо мегӯяд. Рӯзи дигар наздаш рафтам, ӯ баъди салому ҳолпурсӣ андак забон хоида шеърҳоро наздам гузошт. Дидам, ки шеърҳои ман тақрибан кор нахурдаанд, вале ду ғазали Ҳофизро ба андозае таҳрир кардааст, ки гуфтан мумкин аст, аз нав навиштааст. Аввал мани ҳайратзада ба Убайдулло менигаристаму ӯ табассум мекард. Баъд ман чунон ба завқ хандидам, ки вай ҳайратзада шуд ва пурсид, ки чаро механдам. Гуфтам, ки ин чӣ коре буд, ки кардаӣ, шеърҳои маро неву ғазалҳои ҳазрати Ҳофизро таҳрир кардаӣ? Убайдулло аввал андак хиҷил шуду баъд зуд аз вазъият худро раҳонид.
Гуфт, ки, муаллим, аввалан, дар замони Ҳофиз муҳаррире набуд, ки шеърҳои ӯро таҳрир кунад, ба ҳамин сабаб ин ду ғазал он қадар шуҳрат наёфтаанд. Сониян, таҳрири ман ба ин ғазалҳо рӯҳияи замонро ато кард ва агар худи Ҳофиз ҳозир мебуд, ғазалҳояшро дар ҳамин шакл шояд мепазируфт…
Ҳарду ба завк хандидем ва баъдан Убайдулло ба шеърҳои ман он қадар қалам намезад…»

пешина
аз 202
навбатӣ