Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Устод Мирсаид Миршакар инсони зиндадил, шоири ҷӯянда ва нисбат ба ояндаи мардум хушбин буд. Сарфи назар аз нобасомониҳои ибтидои солҳои 90-и қарни гузашта, ба истиқлоли давлатӣ расидани Тоҷикистонро хеле хуш пазируфт, халқро «меъмори чархи бахти худ» медонист, ба гузашта салавот гуфта, миллатро ба обод кардани диёри озоди хеш даъват менамуд:

Баъди ҷаҳди беҳисобу ҷустуҷӯ,
Баъд аз саҳву хатои бешумор
Ёфтам меъмори чархи бахти худ,
Он туӣ, оре, туӣ, эй ҳамдиёр.

Аз пайи таъмири он ҳаргиз макӯш,
Асри навро чархи нав эҷод кун.
Дар диёри хурраму озоди хеш
Шоири ҷӯяндаатро ёд кун.

Ёдаш ба хайр!
Феврал-марти соли 2013
ПОЯГУЗОРИ ДРАМАТУРГИЯИ КАСБИИ ТОҶИК

(Ба муносибати 100-солагии Ғанӣ Абдулло)

Ғанӣ Абдулло яке аз поягузорони жанри драма дар адабиёти тоҷик буд ва дар рушду равнақи ин соҳа саҳми шоиста гузошт. Рӯзгори ошувтаву пурфоҷиа натавонист садди роҳи фаъолияти эҷодии ӯ гардад, агарчи зарбаҳои гарону даҳшатборе бар рӯҳу ҷисмаш зада буд.
Дар мукаммалтарин тарҷумаи ҳоле,ки Ғанӣ Абдулло 9- июли соли 1962 навиштааст,саҳифаҳои муҳимтарини зиндагии худро инъикос намудааст,ки мухтасаран чунин аст:
Аз соли 1920 то 1925 дар мактаби ибтидоии шаҳри Самарқанд,аз соли 1925 то 1927 дар мактаби миёнаи шаҳри Боку таҳсил карда,соли 1929 ба сафи комсомол дохил шуд.
Аз тирамоҳи соли 1929, баъди хатми институт, дар донишкадаи адабиёти Академияи педогогӣ хондааст. Соли 1932 аз курси охирини академия ӯро ба муддати як сол ба таҷрибаомӯзӣ фиристоданд. Ҳамин тавр ӯ ба Душанбе омада, бо исрори Комиссариати маорифи халқ ва шӯъбаи маданияти КМ ПК Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт ва санъати тоҷик ба кор шурӯъ намуд. Як сол дар институти тадқиқоти илмӣ, аз соли 1934 то 1937 муддате дар идораи Иттифоқи нависандагон ва чанде дар Театри ба номи Лоҳутӣ ба вазифаи ходими адабӣ кор кард.
Баъд соли 1937 фаро расиду гӯё замин аз зери пояш бадар рафт. Осмон ба сараш фурӯ афтод. Даҷҷол бо хараш омаду ӯро дар радифи ҳазорон ҳамтақдираш ба паллаи оташбори хурҷин андохт ва тану ҷонашро ба азоби алим гирифтор кард. Даҳ соли азобу шиканҷаи ҷисмонию рӯҳонӣ ва боз чанд соли дигар… Ҳазорон шабу рӯз пайи ҳам мегузаштанд, ҳазорон шабҳои бехобӣ, ҳазорон рӯзҳои ормонӣ бо таассуфу таҳайюр сипарӣ мешуданд. Ҳазорон бор тамоми рӯзҳо, соатҳо, дақиқаву сонияҳои гузаштаро бо тамоми ҷузъиёташон ба хотир меовард, сабаби гирифтории худро ҷӯё мешуд…

пешина
аз 202
навбатӣ