Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сипас дар мавзӯъҳои осори классикон асарҳои саҳнавии «Рустам ва Суҳроб» (1935, бо ҳамқаламии Абдушукур Пирмуҳаммадзода), «Хусрав ва Ширин» (1937, бо ҳамқаламии А.
Деҳотӣ ва М. Турсунзода), инчунин дар мавзӯи таърих песаи «Шӯриши Восеъ» (1936)-ро таълиф кард. Фаъол буд, пайраҳаи машаххаси худро меҷуст, то ба шоҳроҳи адабиёт барояд. Аммо шаби 17-уми сентябри соли 1937 фаро расиду он пайраҳаи Ғанӣ Абдулло, ки ба шоҳроҳи эҷоди бадеӣ қариб пайваста буд, ба муддати тӯлонӣ қатъ гардид. Ғанӣ Абдулло баъди ҳабс шуданаш яке аз «қаҳрамонон»-и марказии мақолаҳои гунаҳгузорони соли 1937 қарор гирифт. Дар мақолаҳое, ки дар рӯзномаи «Қизил Тоҷикистон» 22-юми сентябр бо имзои Қ.Аҳрорӣ, М.Юлдошев, 28-уми сентябр бо имзои «Ду рафиқ» чоп шуда буданд, Ғ.Абдулло чун яке аз «душманони ашаддии халқ ва ҳокимияти советӣ» маҳкум шудааст. Аз ҷумла, бо суханони умумӣ, бе ҳеҷ гуна таҳлилу далел эълон намудаанд, ки «душмани халқ Ғанӣ Абдулло дар «Водии бахт» ном асараш ҳукумати советӣ ва коммунистонро айбдор кардааст…«Восеъ» низ асари зиддисоветӣ мебошад»… («Қизил Тоҷикистон», 22.09.1937). Дар ин мақолаҳо на танҳо Ғанӣ Абдулло ва дигар нависандагоне, ки то он дам ба ҳабс гирифтор буданд, маҳкум мешуданд, балки муаллифони корчаллон мехостанд ҳар чӣ бештар касонро ба «душманон» пайванданд. Лошахӯрҳоро мемонданд онҳо, қурбонӣ ҳар қадар бисёр бошад ҳам, ба назарашон кам менамуд. Масалан, навишта буданд: «Турсунзода бо Ғанӣ Абдулло ва Деҳотӣ чандин маротиба ба Самарқанд рафта, он вақтҳо ҳамаашон майхӯрӣ ва суҳбатҳо кардаанд.
Турсунзодаи дурӯя то ҳол аз ин хусус даҳан накушодааст».
Ба ҳамин тариқ, ба Турсунзодаву Деҳотӣ низ хавфи «душмани халқ» ва ё ақаллан «думи душмани халқ» шудан таҳдид мекард.Ин буд, ки Деҳотӣ мақолаи «Доғҳои шармовар»-ро («Тоҷикистони сурх», 18.10.1937) навишта, кӯшида буд, ки он «доғҳо»-ро бишӯяд.
Дар айни замон он рӯзҳо, ки Ғанӣ Абдулло дар маҳбаси Комиссариати халқии корҳои дохилӣ гирифтори истинтоқу шиканҷаҳои ваҳшиёна буд, дар матбуот мақолаҳое чоп мешуданд, ки ошкоро мазмуну оҳанги маҳкумкунанда доштанд.

пешина
аз 202
навбатӣ