Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Аз ҷумла Самад Ғанӣ дар мақолаи «Оқибатҳои зараррасониро барҳам дода, ҳушёрии синфиро ба дараҷаи баланд бардорем» («Барои адабиёти сотсиалистӣ», 1937,№7-8) Ғанӣ Абдуллоро чунон ба гирдоби бало маҳкум карда буд, ки баъди ин гунаҳгузорӣ он солҳо метавонистанд касро бе суду муҳокима ба дорулфано фиристанд: «Аксиинқилобчӣ Ғанӣ Абдулло тамғаи «драматургӣ»-ро ба гардан овехта, зарарҳои бисёре расонид. «Водии бахт», «Восеъ» ном асарҳои зиддисоветии он, ки фақат ба душманон фоида расонида метавонанд, бо ёрдами директори собиқи театр, душмани халқ Бобоҷонов ба саҳна гузошта шуданд. Душманони халқ Шотемур, Раҳимбоев, Махсумов, М. Расулӣ ӯро бардор – бардор карда, ба мукофотҳои баланд соҳиб кунонданд. Лекин мо то ҳол ҳам башараи эҷодии ин муртадҳоро дар чашми омма кушода надодаем».
Кас имрӯз ҳазорон бор афсӯс мехӯраду ангушти ҳайрат мегазад, ки ин гуна айбгузориҳо на аз ҷониби намояндагони суду прокуратура ё Комиссариати халқии корҳои дохилӣ, балки аз тарафи адибон нисбат ба ҳамқалам ва рафиқи ҳамкори худ сурат мегирифт.
Аз байни мақоланависон касоне низ ёфт мешуданд, ки бо айбгузорӣ ба «қурбонии худ» қаноат намекарданд, балки ба Иттифоқи нависандагон ва ташкилотҳои роҳбари соҳаи маданият таҳдидҳо мекарданд, ки «душманони халқ»-ро кам фош менамоянд, онҳоро дасисаангезона ба «душманфошкунӣ» таҳрик медоданд.
Натиҷаҳои ҳамин гуна таҳдиду таҳрикҳо ва дасисаҳои ошкорои сиёсӣ буд, ки баъзе кормандони масъули Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон водор шуданд нисбат ба ҳамқаламони худ мақолаҳои сар то по туҳматомез, таҳрифкорона ва маҳкумкунанда бинависанд. Аксари ин мақолаҳо аз рӯи мазмуну оҳанг бештар ба ҳукмномаҳои суд шабоҳат доштанд, на ба асарҳои интиқодӣ. Дар онҳо қабеҳтарин буҳтонҳо ба шахсияти «душман», дағалтарин таҳрифҳо дар ҳаққи осори ӯ бе ҳеҷ ибову изо раво дошта мешуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё