Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чунин ба назар мерасид, ки ин гуна «танқидҳо» на танҳо шахсияти Ғанӣ Абдулло ва касоне мисли ӯро аз лиҳози идеологӣ «маҳкум» мекард, балки, шояд ғайри ихтиёри муаллиф, ба мақсадҳои «бузургтар», барои иҷрои вазифаҳои «муҳимтар» хидмат менамуд: тафаккури эҷодиро душманӣ, шуҷоати адабиро мамнӯъ медонист, ба қолабҳо на танҳо дар эҷоди бадеӣ, инчунин дар тафаккури инсон роҳи васеъ мекушод, ақидаву андешаҳои ғайриқолабиро қабулнопазир ва ҳатто ҷиноят эълон мекард, тарсу ҳарос ва ваҳму гумонбариро чун шакли мутлақи шуури ҷамъият талқину таблиғ менамуд.
Ба ҳамин тариқ шахс, инсон, ки танҳо дар ҷамъият, танҳо бо инсонҳо метавонад рӯҳану маънан зинда ва фаъолиятманд бошад, дар ҷамъияте, ки бар иттифоқҳо асос ёфта буд,
– Иттифоқи Саветӣ, иттифоқи синфи коргар ва деҳқон, иттифоқи нависандагон ва ғайраву ҳоказо-ба танҳоӣ маҳкум мешуд, аз ҷамъият истисно мегардид. Бо «айбҳо»-и худ, бо ғаму аламу дардҳои бедавои худ танҳо ба танҳо мемонд…
Ва Ғанӣ Абдулло бо ҳамин ва бисёр «айбҳо»-и сиёсиву идеологиву адабиву шахсӣ шаби 17-уми сентябри соли 1937 ба ҳабс гирифта шуд.
Азобу шиканҷаҳои маҳбаси Комиссариати халқии корҳои дохилӣ, лагерҳои консентратсионӣ, саргардониҳое, ки Ғанӣ Абдулло баъди озод шудан аз ҳабсу бадарға аз сар гузаронидааст, таъқиботи расмиву ғайрирасмии шахсияти инсониву адабӣ ва эҷодии ӯ дар солҳои 1947-1955, муносибатҳои бадхоҳонаву хайрхоҳонаи ашхоси гуногун ба шахсият ва эҷоди нависанда як қиссаи махсусу тӯлонист. Ғанӣ Абдуллоро аз рӯзи ҳабс шуданаш ишқи зиндагӣ, бовар ба қудрату имконоти ҷисмониву рӯҳонии хеш, ҳирси озодӣ ва мақсади исбот кардани бегуноҳии худ ва наздиконаш қуввату умед мебахшид, ба сабру бурдборӣ ва тоқату умедворӣ ҳидоят менамуд. Ин рӯҳияву ин мақсад дар як шеъре, ки Ғанӣ Абдулло аз бадарға ба ҳамширааш Музаффара Қосимова фиристодааст, акси равшан дорад:

пешина
аз 202
навбатӣ