Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон
Аз аввал хондан
  1. Бозиҳои дилхушкунанда:

Барои таъмин намудани хушҳолӣ, дихушӣ, хурсандӣ, димоғчоқии кӯдакон истифода бурда мешаванд. Ба бозиҳои дилхушкунанда дохил мешаванд: масхарабозиҳо, симои одамони хушкунанда дохил мешаванд, шилшилаҳо, бозичаҳои ороиши арчаи солинавӣ.

  1. Бозичаҳои дастисохт:

Аз тарафи худи кӯдакон бо мададу дастгирии мураббӣ ва волидон сохта мешаванд. Бояд ба ҳисоб гирифт, ки ҳангоми сохтани бозичаҳои дастисохт кӯдакон тамоми имкониятҳои ақлию зеҳнӣ, маҳорату малакаҳои худро истифода бурда, аз натиҷаи кори худ қаноатманд мегарданд, аз он ифтихор менамоянд ва кӯшиш мекунанд ба маҳсулоти дасти худ эҳтиёткорона муносибат намоянд.
Ин бозиҳо аз намудҳои гуногуни қоғаз, кортон, матоъ, пенопласт, фолга, қуттичаҳои холишудаи гӯгирд, атриёт, маводҳои табии: хас, ҷалғӯза, донагиҳо, шохчаҳои дарахтон, лой ва ғайра сохта мешаванд.
Боиси таассуф аст, ки на ҳамаи бозичаҳои замонавӣ ҷанбаи инсондӯстӣ, тарбиявӣ таълимӣ доранд. Имрӯз дар бозору мағозаҳо, бештар теъдод ва номгӯи зиёди бозичаҳои ҳарбиро дидан мумкин аст, ки онҳо нақши техникаи ҳарбӣ, яроқу аслиҳаро дар худ таҷассум мекунанд. Ин бозичаҳо бештар теъдод таваҷҷӯҳи писарчаҳоро ба худ ҷалб намуда, сабаби ба вуҷуд омадани ҳисси парастиши қувваи ҷисмонӣ, истифодаи он дар зӯроварию бераҳмӣ пайдо шуда метавонад.
Дар даҳсолаи охир самти дигари рушди бозичаҳо ба вуҷуд омадани бозичаҳои электронӣ бо истифодаи микропротсессорҳо, фиттаҳо (дискҳо), дар компютер бозӣ бо воситаи телефони мобилӣ аст. Албатта, ин самт идома хоҳад ёфт, чунки асри XXI асри рушди воситаи техникаи иттилоотӣ ва иртибототӣ аст. Лекин набояд фаромӯш кард, ки истифодабарии на ҳамаи онҳо ба хусусиятҳои синусолӣ ва равонию ҷисмонии кӯдакон мувофиқат меояд.

пешина
аз 108
навбатӣ