Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон
Аз аввал хондан

Аҳамияти бозиҳои нақшдор

Аз машомам наравад одати тифлӣ ҳаргиз,
Гар ба тобут равам, ҷунбиши гаҳвора кунам.
Саъдии Шерозӣ

Бозӣ фаъолиятест, ки дар тамоми умри инсон ва мавҷудияти инсоният арзи ҳастӣ намудааст. Аз ин рӯ, масъалаи омӯзи ва таҳқиқи он диққати олимони соҳаҳои гуногуни илми инсоншиносӣ – педагогҳо, равоншиносон, файласуфҳо, фарҳангшиносҳо, сиёсатмадорҳо, нависандаҳо, ҳунармандон ва дигаронро ба худ ҷалб намудааст, ки ин бесабаб нест. Ҳамаи онҳо ҷанбаҳои гуногуни бозиро мувофиқи мақсаду вазифаҳои таҳқиқотии худ мавриди таҳлилу баҳодиҳӣ қарор медиҳанд. Барои ҳамаи халқу миллатҳо бозӣ ифодагари фарҳанг ва арзиши маънавии миллат ва умумибашарӣ мебошад.
Аз қадимулайём бозӣ ҳамчун воситаи муҳими таълиму тарбияи кӯдакон ҳисобида мешавд. Педагогикаи халқҷ онро ҳамчун воситаи муҳим барои инкишофи ҳамаҷонибаикӯдакон эътироф мекунад. Чӣ тавре, ки ба мо маълум аст, бозиҳо якчанд намуд мешаванд.

  1. Бозиҳои эҷодӣ:
  • Бозиҳои нақшофарии махмундор (сюжетӣ - нақшдор);
  • Бозиҳои сохтмонӣ;
  • Бозиҳои драматизатсия – саҳнавикардашуда.
  1. Бозиҳои қоиданок:
  • Бозиҳои серҳаракат;
  • Бозиҳои дидактикӣ.
    Агар дар яке аз онҳо вазифаҳои тарбияи фикрӣ амали гардад, дар дигараш вазифаҳои тарбияи ахлоқӣ, дар сеюминаш бошад вазифаҳои тарбияи ҷисмонӣ, эҷодӣ ва ғайраҳо инъикос меёбад. Кӯдакон ҳангоми бозӣ мустақилона амал намуда, масъалаҳои гуногуни онро ҳал менамоянд ва ноаён маводҳои таълимиро азхуд мекунанд. Онҳо метавонанд, бозиҳои гунонгунро аз калонсолон омӯхта, худашон бозӣ кунанд ва онро эҷодкорона тағйир диҳанд, вале асосҳои омӯзиш ва қоидаҳои онро нигоҳ доранд.
    Мутахассисоне, ки таърихи бозиро омӯхта буданд, дар он ақида буданд, ки гӯё кӯдакон дар бозиҳои худ муносибатҳои иҷтимоиро инъикос намекунанд, балки дар бозӣ талаботи табиҷ – биологҷ инъикос меёбад.
пешина
аз 108
навбатӣ