БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа
Ғолиби мусобақа он қатор шуморида мешавад, ки миқдории хонандагони аз бозӣ баровардашуда кам бошад, ё тамоман набошад.
- Тит шудани ҳарфҳо Муаллим мегӯяд, ки ман барои Шумо, бачаҳо, дар хона як калима фикр карда будам, аммо дар роҳ ҳарфҳо аз дастам афтида тит шудаанд. Акнун худам намедонам, ки он калима кадом буд.
Харфхо ин хел тит шуданд.
У И Бе ст он З ки
Му ма лл а и
Мо ҳ т р и а
Истифодаи бозиҳои дидактикӣ дар рафти дарсҳои математика
Барои баланд бардоштани дониш, шавқу ҳаваси хонандагон нисбат ба математика ба омӯзгорои лозим аст, ки аз бозиҳои дидактикӣ, масъалаҳои шавқовар ва ребусҳои математикӣ истифода баранд.
Азбаски бозӣ ба хонандагон кайфияти хуб мебахшад ва онҳоро аз хастагию дилгиршавӣ боз медорад, ба муаллимон лозим меояд, ки бештар дар дарсҳояшон аз бозиҳои гуногун истифода баранд. Бо ин усул ҳам машгулиятҳо шавқовартару фаҳмотар мегузаранд ва ҳам аз тарафи хонаидагон маводҳои таълимӣ хуб дарк карда мешаванд.
Дар рафти машғулиятҳои математика аз бисёр бозиҳои математикӣ истифода бурда, шавқу рағбати шогирдонро нисбат ба ин фан афзун гардонидан мумкин аст. Аз ин рӯ дар зер роҳҳои гузаронидани чанде аз бозиҳои математикиро пешкаш мекунем. Ин бозиҳоро муаллимон метавонанд дар ҳамаи синфҳо вобаста ба мазмуни мавзӯҳо истифода баранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё