Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон
Аз аввал хондан

БОЗИҲО МАТЕМАТИКӢ
(Ба таври пешниҳод)

Бозии «Кӣ зуд ва бехато?»
Ин бозиро бештар дар рафти мустаҳкам намудани мавзӯҳои гузашта истифода бурда, дар рафти он дониши хонандагонро санҷидан мумкин аст. Вобаста ба дараҷаи дониши хонандагон ва мазмуни мавзӯи гузашта мисолҳоро интихоб кардан лозим аст.
Шарти бозӣ:
Кӣ мисолҳоро зуд, бехато ва зебо навишта ҳал мекунад.
Мазмуни бозӣ:
Муаллим дар тахтаи синф мисолҳоро пешакӣ навишта, аз ҳар як қатор як нафари хонандаро даъват карда, супориш медиҳад, ки мисолҳои дар тахтаи синф навишташударо тез, бехато ва зебо навишта ҳал кунанд.
Масалан, ин бозиро дар синфи якум ҳангоми мустаҳкам намудани мавзӯи ҷамъи ададҳои якрақама чунин гузаронидан мумкин. Се нафар хонандаро назди тахтаи синф даъват карда, мисолҳои зеринро супориш медиҳам:
4+5= 7+3= 4+6= 3+6= 5+2= 3+5=

Хонандае, ки мисолҳоро зебо навишта, аз ҳама пеш ҳал мекунад, ғолиби бозӣ дониста мешавад.
Хонандагон дар ҷараёни ин бозӣ кӯшиш мекунанд, ки мисолҳоро зебо нависанд ва онро бехато ҳал кунанд.

Бозии «Ки бештар хол мегирад?»
Муаллим пешакӣ дар тахтаи синф ду давраи калонро мекашад ва дар дохили ин давраҳо боз чортогӣ давраҳои аз якдигар хурдро тасвир мекунад. Ҳамагӣ миқдори давраҳо панҷто мешаванд. Баъд рақамҳои аз 1 то 5-ро дар дохили давраҳо навишта, ба назди ҳар як давра як нафарӣ хонандаро ба сифати довар даъват мекунад. Сипас хонандагонро бо ду гурӯҳ ҷудо карда, аз ҳар як гурӯҳ панҷ нафарӣ хонандаро ба наздаш мехонад. Ба онҳо яктогӣ кулӯлаи пластелинро дода мефармояд, ки аз кунӣи синф ин кулӯлаҳоро ба нишон занад.

пешина
аз 108
навбатӣ