Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон
Аз аввал хондан

Онҳо мефаҳманд, ки кадом ҳарф дар куҷо ва дар ҷои чандум аст. Инчунин, ҷадвали зарбу тақсим, ёфтани сумма ва фарқи ададҳоро хубтар азхуд мекунанд.
Ҳамин тариқ, ҳикояи математикӣ яке аз бозиҳои шавқоварест, ки дар дарсҳои математика гузаронида мешавад. Пеш аз ҳама ба хонандагон дар бораи модар, Ватан, сулҳ, фаслҳои сол, ҷашнҳо ва монанди инҳо саволу ҷавоб ташкил карда мешавад ва ё хонандагон аз рӯи расмҳо ҳикоя тартиб медиҳанд. Ҳикояи беҳтарин дар тахтаи синф навишта мешавад. Ин бозӣ вариантҳои гуногун дорад. Муаллим бояд дониш ва маҳорати хонандагонро ба ҳисоб гирифта, онҳоро ба гурӯҳҳо ҷудо кунад ва ба ҳар бача ё гурӯҳ мувофиқи қобилияташон супориш диҳад.
Масалан, ба як гурӯҳ супориш медиҳад, ки аз алифбои рақамдор истифода бурда ифодаҳое тартиб диҳад, ки аз ҷавоби онҳо ибораҳои «Баҳор омад» ва «Наврӯз муборак» хонда шаванд. Хонандагон супоришро ин тавр иҷро менамоянд:
1+1=2Б 0+1=1А 142=28 Ҳ
12+7=19О 7
3=21 Р 21-2=19О 25-8=17 М 2:2=1А 36:6=1

  1. Поезд. Дар ин бозӣ ҳамаи хонандагон бозӣ карданашон мумкин.
    Ба поездчаҳо ҳарфҳо, ҳиҷоҳо, калимаҳо навишта шудааст. Бояд тез:
    Синфи 1. Ба Ҷои нуқта ҳарф гузорад:
    шона, хона, лона.
    Синфи 2. Хусусияти предметҳоро нависад Синфи 3-4. Калимаҳоро бо калимаи баръакс табдил додан:
    Гарм – хунук Сафед – сиёҳ Рӯз – шаб Васеъ – танг Фарбеҳ – хароб Боақл – беақл Нодон – доно Хайр – шарр Ғолиб он бозингаре, кадоме бисёр поезд мепайванд.
пешина
аз 108
навбатӣ