Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон
Аз аввал хондан
  1. Поезд-2. Дар ин бозӣ аз се звено 3 нафарҷ иштирок карданашон мумкин. Расми поездро кашида ё бозичаи тайёрро истифода бурдан мумкин. Дар «Поезд» метавон ягон мисол (дар дарси риёзӣ), ягон калима (дарси забони тоҷикӣ), ягон номи афсона (дарси хониш), ягон саволҳо аз дигар фанҳо навиштан мумкин. Бозиро чунин мегузаронанд: Дар хоначаҳои «Поезд» мисолҳо навишта мешавад ва 3 нафар баромада ин мисолҳоро ҳал мекунанд. Кадоме аз 3 нафар зуд ва бехато ҳал кунад, «Поезд»-и ӯ пеш меравад.
  2. Капитан. Бозӣ бо бозича ё расми «Киштича» гузаронида мешавад.
    Дар «Киштича» мисолҳо (Калимаҳо, расмҳо, саволҳо доир ба фанҳои гуногун) навишта монда мешавад. Дар ин бозӣ метавонанд 3 нафар аз се звено (ё ин ки хар як катор) бозӣ кунанд. Аз «Киштича» вазифа гирифта мешавад. Кадоме аз ин хонанда (ё ин ки қатор) вазифаро тез ва бехато иҷро кунанд, капитани ана ҳамин бозӣ мешавад.
    Мисолҳо навишта мешавад.
    Аз математика:
    100-10:2= 183+21= 452:16= 450:3= Ва инчунии аз дигар фанҳо вазифаҳо навишта мешавад.
    Забони тоҷикӣ:
  1. Исм чист?
  2. Сифат чист?
  3. Феъл чист?
  4. Сифат ба кадом саволҳо ҷавоб мешавад?
  5. Замонҳои феълро номбар кунед.
    Табиат:
  6. Табиат чист?
  7. Офтоб чист?
  8. Пӯсти одамро фаҳмонед.
  9. Скелет чист?
  1. Бозии «Диққат». Ин бозиро метавон бо ҳамаи хонандагон бозед.
    Ягон расми кашидаро ба хонандагон дар давоми 2-3 сония нишон дода мешавад ва баъд бояд хонандагон худашон (ҳамчунин кори мустақилона) мекашанд Он бачае ғолиб мешавад, ки агар расмро бехато кашида бошад Дар ин бозӣ се нафар аз се звено иштирок карданаш ҳам мумкин.
пешина
аз 108
навбатӣ