Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон
Аз аввал хондан

Синфи 4. бо ҳарфи «Ш» исми ҷамъ гӯед: шохҳо, шикорчиён, шаҳрҳо.
«Доно» он бозигаре, ки зуд калима тартиб медиҳад.
10. Бозии «Пушту пеш». Дар ин бозӣ 2-3-4... хонандагон иштирок карданашон мумкин. Бозӣ чунин мешавад: аввал бозингари 1-ум як ҳарф менависад. Бояд дигарон ба пешу қафои он ҳарфҳое илова кунанд, ки калимае ҳосил шавад. Мисол:
Бозигари 1 …к... ...д..
Бозигари 2 ...ак... ..лд..
Бозигари 3 ..акт.. .лдо.
Бозигари 1 .акта. .лдон Бозигари 2 макта. .улдон Бозигари 3 мактаб гулдон Ғолиб он бозингаре, ки калимаро пурра тартиб медиҳад.
11. Диктант (ба шакли бозӣ), Муаллим пешакӣ рафти бозиро фаҳмонда ва якчанд варақчаҳои рақамдор ва як қатор калимаҳоро мувофиқи мавзӯъ гирд меорад. Мувофиқи қаторҳо (звеноҳо) варақчаҳои рақамдор ба хонандагон супорида мешавад. Варақчаҳоро чунон супоридан лозим, ки рақамҳои якхела ба талабагони аз ҷиҳати дониш баробар афтад. Ба супориши муаллим аз се звено талабагони рақами
1 дошта ба назди тахта мебароянд ва аз рӯи диктаи муаллим онҳо калимаҳоро мувофиқи талаб баробар ба тахта менависад (миқдори калимаҳо ба таври интихобӣ аз 2-4-6 калима иборат шуда метавонад).
Аҳли синф низ аз рӯи диктаи муаллим калимаро ба дафтарҳои худ менависанд.
Намуна: пилла, арра, акка, муслим, муаллиф, троллейбус, кайҳонавард. Пас навиштанҳои хонандагон бо иштироки аҳли синф тафтиш карда шуда, ғолибон мушаххас карда мешаванд.
12. Эстафетаи ҳарфҳо. Бозӣ аз аввал ё охири қаторҳо оғоз ёфта, муаллим калимаро барои ҳамаи қаторҳо ё мувофиқи қаторҳо дар алоҳидагӣ эълон менамояд. Масалан: найшакар, кайҳоннавард.
Донишомӯзи дар қафо буда, ба рӯи варакча дар ҷои таъиншуда ҳарфи аввалро хушрӯ, мувофиқи каллиграфия (ҳусни хат, хушнависӣ) навишта, варақчаро ба донишомӯзи минбаъда дароз мекунанд. Донишомӯзи дуввум бо тезӣ варақчаро гирифта, ҳарфи дуввумро навишта, ба донишомӯзи дигар дароз мекунад. Бозӣ дар ҳамаи қаторҳоҳамин тарз давом мекунад.

пешина
аз 108
навбатӣ