Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон
Аз аввал хондан
  1. Бозии «Кӣ зуд?» Дар ин бозӣ метавонанд 3 нафар ё 3 звено иштирок кунанд. Ба хонандагон вазифа дода мешавад ва он бачаеро, ки зуд вазифаро иҷро кунад, ғолиб мешавад.
    Масалан: Кӣ зудтар доир ба адади 7 бо истифода аз чаҳор амали математикӣ (+, -,:, ) мисол месозад?
    1+6=7; 8-1=7; 1
    7=7 14:2=7 Ё ин ки аз фанни забони тоҷикӣ: Бо калимаи «май» ҷумла гуфтан.
    Хониш: Доир ба яке аз рӯзҳои ҳафта, фасли баҳор ва ғ. ҳикояча тартиб додан.
    Расм: Кӣ зуд расми офтобро мекашад?
  2. Бозии «Ҷои ман дар куҷо?» Бозӣ чунин гузаронида мешавад: Дар тахта якчанд калима навишта мешавад. Бояд хонандагон зуд ҷои ҳарфҳоро ёфта монанд:
    Кадоме аз хонандагон зуд ва бехато вазифаро иҷро кунад, ғолиб хисобида мешавад Ё ин ки аз фанни риёзӣ: 10, 8, 2, 3, 1, 5, 6, 4, 7, 9.
    Хониш: Бузаки, як, набуд-буд, ҷингилапо, буд.
    Ё ин ки расм:
  3. Занҷири калима. Дар ин бозӣ ҳам 2-3 гурӯҳ бозӣ мекунанд. Бозӣ бояд чунин гузарад: хонандагон худашон калима мегӯянд. Ба калимаҳои гуфтаашон бояд калимаи ҳаммаъно ва ҳарфашон ба миқдори баробар бошад.
    Парта-халта,-тахта,-пахта, -лола,-хола,-хона, -шона, -нома Бозӣ боз ҳам шавқовар шавад, агар калимаи баръакс ёбанд. Бояд ҳарфашон ҳам баробар бошад.
    Шаб-рӯз, дароз-кӯтоҳ, пур-кам, хуб-бад.
    Он гурӯҳ ғолиб мешавад, кадоме бисёр калима фикр кунад.
  4. Бозии «Доно». Дар ин бозӣ 3 нафар бохтанаш мумкин. Бояд муаллим як ҳарфро нишон диҳад, бозигарон зуд ба он калима гӯянд.
    Синфи 1, бо ҳарфи «Ш» калима гӯед: шона, Шавкат, шох.
    Синфи 2, бо ҳарфи «Ш» номи духтарона гӯед: Шаҳодат, Шаҳло, Шоҳиста.
    Синфи 3, бо ҳарфи «Ш» хабар гӯед: шикаст, шона кард.
пешина
аз 108
навбатӣ