БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа
– Ҷони боғбон! - ҷавоб медиҳад сардори дуввум.
– Ангурако пухтанд?
– Ниму нимкола!
– Аз мо ки равад?
– Қамар.
Қамар бо суръат давида худро ба гурӯҳи дигар мезанад, ки дасти ду бача аз ҳам ҷудо шуда, сафашон ду ҳис мегардад. Қамар ғолиб мешавад. Ӯ яке аз бачагонро ҳамроҳаш ба гурӯҳи худ меорад.
Бозӣ ҳамин тавр то ҳамон лаҳзае давом мекунад, ки дар гурӯҳ сармир ва як бозингар боқӣ мемонад.
БОЗИҲОИ МАЪНАВӢ
Дар бозиҳои маънавӣ сухан бозингари асосӣ аст. Дар ин бозиҳо маънии суханро фаҳмидан, оҳанги онро ҳис кардан, маънои ниҳоии онро ёфтан, аз аломатҳо истифода бурдан ва машқҳои дигар аҳамияти калон доранд. «Тезгӯяк, «Чистон», «Байтбарак» ба ин гуна хусусиятҳо соҳибанд. Ба воситаи тезгӯяк бачаҳо бурро, равон, дақиқ гуфтани садоҳои забони модариро аз худ мекунанд.
Мурод пушти тутанда,
Гули сурхаш мананда.
Арча дар лаби ҷӯйча,
Ҷуйча дар сари кӯча.
Дар як дара панҷ барра,
Панҷ барра дар як дара.
Чистонгӯӣ аз замонҳои қадим дар баробари афсонагӯӣ ва бозиҳо аҳамияти калон дошт. Чистон гуфтан ё чистон ёфтан низ воситаи муҳими инкишофи зеҳн аст. Ҷавоби чистонро ҳар кас тез ёфта наметавонад. Калимаи «Чистон» аз ду калима: «чист» ва «он» таркиб ёфтааст. Чистонгӯӣ дар байни мардум аз замонҳои қадим пайдо шуда, то имрӯз вуҷуд дорад. Ҳатто шоирони намоён низ ба чистонгӯӣ шуғл варзидаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё