БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа
Тагаш санг, санг нест,
Болош санг, санг нест.
Чор по дорад, гов нест,
Морсар асту мор нест.
Аспе дорам беозор,
Хушсурату хушрафтор.
Монда намешавад ҳеҷ,
Доим ба гаштан тайёр.
Хӯрокаш обу бензин,
Поҳош бошад аз резин.
Бозии дигаре, ки дар байни бачаҳо машҳур аст, «Байтбарак» мебошад. Мувофиқи он аввалин шуда касе ба ҳарфи аввалини алифбо «А»
шеъре мегӯяд. Масалан:
Ангури мо ширин аст,
Қанду асал барин аст.
Аз он сабаб, ки шеъри мазкур бо ҳарфи «Т» ба охир мерасад, касе байтеро мехонад, ки бо ҳарфи «Т» оғоз меёбад. Масалан:
То тавонӣ дустонро гум макун,
Дӯстони меҳрубонро гум макун.
Шахси дигар бояд акнун бо ҳарфи охирини байти мазкур байтеро оғоз кунад. Бо ҳамин минвол байтбарак то даме, ки ягон тараф байтеро ёфта наметавонад, давом меёбад.
Бозии «Кӣ нишонгир?»
Бозигарон як қатор саф кашида «як», «ду» гӯён шумурак мекунанд.
Бозигарон ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Аз пеши пойҳои бозигарон хат гузаронида мешавад. Тубро аз назди хат истода мезананд. Ба ҳар бозигари гурӯҳ яктоӣ тӯб дода мешавад. Аз муқобили қатор дар масофаи 6 метр аз хат он тараф 10 дона ғӯлачаи гуногунранг мечинанд.
Байни ҳар як ғӯлача 1-2 қадам байни гурӯҳҳо бошад 3-4 қадам ҷой монда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё