БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа
Лекин дар боғча ва мактаб бо роҳбарии мураббӣ, муаллимҳо гузаронидан беҳтар аст. Бачаҳо давра шуда, барои садорро таъин кардан шуморак мегӯянд:
Лелак – лелаки боқӣ, Дасти гулаки соқӣ.
Ту рафта орд без, Зоғу кулоғон, Дар дашту ёбон.
Ту шину ту хез!
Баъди ин шуморак ҳама як-як аз давра мебароянд, як бозингар танҳо мемонад, ки вай сардор таъин карда мешавад.
Рафти бозӣ. Сардор бачаҳоро паҳлӯи ҳам мешинонад. Худаш дар аввали қатор нишаста ба тарафи росташ ба бозингаре нигариста мегӯяд:
– Ма гул!
– Чӣ гул?
– Гули шафтолу – гул!
Боз навбат ба бозингари дар паҳлӯи сардорбуда ва бачаи дар паҳлӯи рости ин бозингар нишаста мерасад:
– Ма гул!
– Чӣ гул?
– Гули себ – гул!
Ин бозингар ҳам номи гулеро гуфта, набояд гуфтаҳои рафиқонашро такрор кунад.
Навбат ба бозингари дигар мерасад. Ин бозингар мегӯяд:
– Ма гул!
– Чи гул?
– Гули шамшод – гул! Сардор аз ҷой хеста бозиро нигоҳ медорад ва аз бозингарони дигар мепурсад:
Гули шамшодро кӣ дидааст?
– Мо надидем! - мегӯянд бозингарон.
Бозингаре, ки “Гули шамшод – гул” мегӯяд, бозиро бой медиҳад.
Сардор ба ин бозингар фармон медиҳад, ки суруде гӯяд, ё бирақсад.
Ҳамин тавр, бозӣ боз аз сари нав давом мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё