БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа
Лелак – лелаки боқӣ Ин бозӣ ҳам чун “Акал – дукал” машҳур аст.
Ҷои бозӣ: зал, майдон, шипангҳо.
Тайёрӣ ба бозӣ: раҳбари бозӣ бачаҳоро ба якчанд гурӯҳ тақсим намуда, аз мобайнашон барандаи бозиро интихоб мекунад. Барандаи бозӣ бозингаронро ба навбат ба давра шинонда, амр мекунад, ки пойҳояшонро ба мобайн дароз кунанд.
Раванди бозӣ: барандаи бозӣ суруди зеринро хонда, бозиро сар мекунад.
Лелак – лелаки Боқӣ,
Дастам ба гулаки Соқӣ.
Соқӣ ба бозор рафтаст,
Куррачасавор рафтаст,
Се уштури қазоқӣ,
Биниҳошон ялоқӣ.
Каҷовабозор рафтанд,
Дум-думаш қатор рафтанд.
Андар кашу мандар каш,
Як пою дастата каш!
Барандаи бозӣ сурудгӯён ба пойҳои бозингарон бо ангушташ ишора мекунад. Калимаи “каш” ба пои касе, ки рост ояд, ҳамон пояшро мекашад. Барандаи бозӣ ин сурудро боз аз сари нав мехонад. Ҳамин тавр, бозингарон як-як пойҳояшонро аз давра кашида, чорзону менишинанд. Пас барандаи бозӣ ҳам чорзону менишинад. Ҳамаи бозингарон, ки пойҳояшонро ғундошта шуданд, зонуҳояшонро молида, се-чаҳор карат:
“Деворака кофтем,
Қунғузака ёфтем.
Кокулаша бофтем,
Паси пушт партофтем!” - мегӯянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё