БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа
Бо фармони барандаи бозӣ бозингарон ду дастро ба ҳам як намуда, лелаҳояшонро байниҳам мегузаронанд ва ба сари зонуҳои чапу рост ба навбат зада мегӯянд:
Ин ҳандалак,
Ин тарбузак!
Ин зонуча,
Ин харбуза!
Сардор ба бозингаре, ки аз ҳама пеш пояшро мекашад, мефармояд, ки аз ҷой хезад. Бозингар оҳиста аз ҷой мехезад. Ҳангоми аз ҷой хестан, агар ҳар ду зонуҳояш қирс – қирс карда садо барорад, ҳамаи бачаҳо номи вайро гирифта “Ҳалима, булбул! Ҳалима, булбул” - мегӯянд.
Агар дар ин ҳолат аз як зонуи бозингар садо барояд, вайро “Ҳалима кабкак” ва аз ҳар ду зонуҳояш ҳам садо набарояд, бачаҳо “Ҳалима, зоғ” - мегӯянд.
Мувофиқи шарти бозӣ, агар ҳарду зону садо набарояд, бозингар бояд ё суруд хонда диҳад, ё ки рақсад, яъне “Ҳалима бояд суруд хонад, рақсад”. Дигар бозингарон бошанд, қарсак зада месароянд.
Ҳалима пешу пушт рав, Аз ҷо хезу арғушт рав!
Барандаи бозӣ ҳамаи бозингаронро як-як аз ҷой мехезонад, бозӣ давом кардан мегирад.
Бозии “Сӯзани тилло” Ҷой ва асбоби бозӣ: майдон, боғ, зал.
Тайёрӣ ба бозӣ: раҳбари бозӣ бачаҳоро ба давра саф ороста, ба яке аз онҳо мегӯяд, ки шумораки зеринро гӯяд:
Як палак,
Ду палак.
Се ҷувол,
Ҳандалак.
Ту хӯрдӣ,
Ту бурдӣ,
Ту исто, Ту баро!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё