Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон
Аз аввал хондан

Бозиро дар стадионҳо бо усули даврӣ гузаронидан мумкин аст.

Қоидаҳои бозӣ:

  1. Пешакӣ давидан мумкин нест.
  2. Конвертҳоро напартофта, боэҳтиёт додан лозим аст.
  3. Бо хати рост давидан лозим аст.
  4. То команда ҷавоби мактубҳоро наорад, бозиро тамомшуда ҳисобидан мумкин нест.
  5. Бозингарон дар нуқтаҳо бояд аз якдигар ба масофаи 2-3 метр дур истанд.
  6. Бозиро 3-4 бор такрор кардан мумкин аст.

Яклинга

Ҷои бозӣ: зал, майдонча, саҳни ҳавлӣ.
Тайёрӣ. Бозингарон ба ду каманда тақсим мешаванд. Хатҳои оғоз ва анҷом кашида мешавад. Масофаи байни онҳо мувофиқи синну соли бозингарон бояд 10-15 метр бошад.
Рафти бозӣ. Бо фармони роҳбар бозингарони яке аз командаҳо яклинга парида-парида ба тарафи хати оғоз равона мешаванд. Бозингарони командаи дигар ҳам яклинга шуда кӯшиш мекунанд, ки ба яке аз онҳо расида гиранд. Агар ба ӯ муяссар шаванд, ки ба гурезанда пояшро расонад, дар он сурат бозингарони ҳар ду команда бояд ҷояшонро иваз кунанд. Дар охири бозӣ намояндагони командаи мағлуб намояндагони командаи ғолибро ба пушташон бардошта ба майдоча ё зал мебаранд.
Қоидаҳои бозӣ:

  1. Якдигарро тела додан мумкин нест.
  2. Бо пой сахт задан мумкин нест.
  3. Ҳар касе, ки пеш пештар бо ҳар ду пой диккак нишинад, бозиро бой медиҳад.

Мо мелангем Ҷои бозӣ.

пешина
аз 108
навбатӣ