Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон
Аз аввал хондан

Рафти бозӣ. Бо фармони сардор бозингарони якум аз доираи дар тарафи рост будаашон тӯбҳоро бо навбат даст ба даст дода, ба даруни доираи дар тарафи чап буда мемонанд. Кадом гурӯҳе, ки тубҳоро тез аз як тараф ба тарафи дигар гузаронанд, ҳамон гурӯҳ ғолиб ҳисобида мешавад.

Мо бачаҳои шодем

Ҷои бозӣ: рӯи боғ, майдон зал.
Тайёрӣ ба бозӣ. Сардор бозингаронро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунад.
Гурӯҳҳо дар масофаи 15-20 метр аз ҳамдигар дур меистанд. Сангча руст карда, навбатро муайян мекунанд.
Рафти бозӣ. Бо фармони сардор гурӯҳи навбатдор суруди зеринро мехонад:

Мо бачагони шодем,
Насли халқи озодем.
Имтиҳон кун ту моро,
Қапида тавон ту моро.

Баробари сурудҳоро хонда тамом кардан гурӯҳҳо муқобили якдигар метозанд. Гурӯҳе, ки сурудро хондааст, ҳаракат мекунанд, ки гурӯҳи дигар онҳоро дастгир карда натавонад. Мувофиқи шарт агар се бозингарро гурӯҳи якум аз гурӯҳи дигар қапад як хол дода мешавад.
Пас навбат ба гурӯҳи дигар дода мешавад. Ҳамин тавр, бозӣ якчанд маротиба давом мекунад.

Кӣ зудтар мешинад?
(5-6 нафар кӯдакон)

Кӯдаки 1-ум:

Бобои Барфӣ.
Бобои Барфӣ,
Аҷаб хуб ҳастӣ!

пешина
аз 108
навбатӣ