БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа
Дар бозиҳои кӯдакони гурӯҳи хурдсол унсурҳои мусобиқа ҳанӯз нест, кӯдакони ин гурӯҳро на ин ки натиҷа, балки ҳаракатҳои бозӣ ба худ ҷалб менамоянд. масалан, дар бозии “Тӯбро биёр” пеш аз ҳама диққати кӯдакро раванди аз паси тӯб давидан ва бо тӯб бозӣ кардан ба худ ҷалб мекунад, на ин ки ба мураббӣ пештар тӯбро оварданаш.
Шумораи иштирокчиёни бозиҳои хурдсол бисёр нест. Кӯдаки хурдсол ҳаракатҳои гуногунро бо диққати худ ҳанӯз фаро гирифта наметавонад. масалан: ҳама кӯдакон ба “муш” тақлид мекунанд ва худи мураббӣ ба “гурба”.
Қоидаи бозӣ бояд хеле оддӣ бошад, зеро дар ин синну сол механизми асабҳои кӯдакон барои бошуурона иҷро кардани амалиёт ҳанӯз тайёр нест. Масалан, кӯдакон баробари шунидани садои поезд, ба “вагончаҳо” бояд савор шаванд ва ё бо ишораи “Шоҳини калон” ба хонаҳои худ давида дароянд ва ғайра.
Ба маҷмӯи бозиҳое, ки бо кӯдакони гурӯҳи синни томактабӣ ташкил карда мешаванд, бозиҳое низ дохил карда мешаванд, ки иҷрои онҳо бо сухан анҷом меёбад. Матн дар бозӣ аҳамияти калон дорад.
Сухан барои иҷрои ин ва ё он амалиёт боис шуда, ба риоя намудани қоидаҳои бозӣ ва кушодани мазмуни он ёрӣ мерасонад, ки бо як тартиби муайян роҳ раванд; суханони “Тӯби шӯх” ва зебои ман” ва ғайра мазмуни бозиро аниқтар мекунад, барои ҷахиш кӯдакон як оҳанге ба вуҷуд меоварад. Илова бар ин суханони охирини матн барои гурехтан сигнал ҳам мешаванд.
Бозии 1. “Борон ва офтобак”
Кӯдакон ба ҳар тараф паронканда шуда, ҳар гуна ҳаракатҳоро
иҷро мекунанд (чаҳ-чаҳак, самолётча) ва ғайра. Дар дасти мураббӣ
соябон меистад. Мураббӣ “борон”, ки гуфт бачаҳо ҳамдигарро тела
надода ба таги он ҷой мешаванд. Агар “офтобак” гуяд, бачаҳо ба ҳар
тараф пароканда шуда, бозиҳояшонро давом медиҳанд. (Ҳамин тавр
бозӣ якчанд маротиба гузаронида мешавад.) Бозии 2.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё